Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл


Даромадгоҳи бинои Додситонии кулл. Акс аз бойгонӣ

Даромадгоҳи бинои Додситонии кулл. Акс аз бойгонӣ

​Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.

Дар бадтарин лаҳзаи ҳаёти Асалмоҳ Шарифова -- вақте ки писари сарбозаш дар Хоруғ бистарӣ шуд, бемории қанди худаш авҷ гирифт, шавҳараш дар Русия қариб, ки аз худ хабар намедод, харҷи чаҳор фарзанди хурдии мактабхонаш боло рафт, дар чунин як маврид, қурбонии қаллобие шуд, ки ҳамаи пули дошта ва қарзгирифтаи ӯро ба бод дод.

Акнун писари сарбозаш ҳамоно дар бемористони Хоруғ азият мекашад ва илтиҷо мекунад, ки модар ӯро ба Душанбе интиқол диҳад, худаш пуле надорад, ки барои паст кардани қанди хунаш инсулин бихарад, шавҳараш даъво мекунад, ки пули бударо ба ҳаво сар додааст ва ӯ барои кӯдаконаш сомоние дода наметавонад, ки дар мактаб чизе бихӯранд.

Холаи Асалмоҳ дар аввалҳои моҳи майи соли равон баъд аз шикоятҳои зиёди писари сарбозаш, Холмурод Гулов, ки ҳангоми хидмат дар қисми ҳарбии Хоруғ бемор шуда, дар беморхонаи онҷо бистарӣ гаштааст, ба назди масъулони Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ омад, то хоҳиш кунад, ки писарашро ба бемористони Душанбе интиқол диҳанд. Баъд аз сӯҳбат бо намояндаи ин ниҳод дар баромадгоҳи бино як нафар наздаш омада, худро полковники Додситонии кулл муаррифӣ намуда, гуфтааст, ки метавонад, мушкили ӯро ҳал кунад.

"Сарулибоси хуб дошт, ба одами мансабдор монанд буд. Вақте ки бо посбони сарраёсат сӯҳбат мекардам ва мушкиламро мегуфтам, вай зуд-зуд мерафту меомад ва ҳангоми берун шудан аз ин ҷо пешам омада гуфт, ки мушкили шуморо медонам ва ҳатман ёрӣ мекунам," -- ба ёд меорад Асалмоҳ Шарифова ва меафзояд, -- "Ман камтар ҳайрон шуда будам, ки барои чӣ вай мехоҳад, ба ман ёрдам кунад, баъд фикр кардам, одами дилаш нарм аст. Ман як одам бесаводи хонашин аз куҷо медонистам, ки ин як қаллоб аст ва маро фиреб медиҳад."

Ин шахс худро "полковники Додситонии кулл Қодиров Муҳаммал Зоирович" номида ва гуфтааст, ки барои розӣ кардани Фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадӣ 400 доллар лозим аст. Дар ҷавоб Асалмоҳ аз ӯ хостааст, ҳуҷҷаташро нишон диҳад. Мард гуфтааст, ки ҳуҷҷаташ дар ҷайби костюмаш мондааст, аммо қасам хӯрдааст, ки “занам се талоқ” корманди Генпрокуратура ҳастам".

"Полковник" ҳамроҳи Асалмоҳ ба хонааш омадааст ва дар роҳ фаҳмондааст, ки пул барои худаш нест, балки барои дигарон аст ва дар ин давру замон ягон корро бе пул ҳал карда намешавад. “Ман ба аппаам дар ноҳияи Ваҳдат занг задам ва хоҳиш кардам, ки як нафар барои аз Хоруғ ба Душанбе овардани Холмурод ёрдам медиҳад, пул даркор, хоҳарам гуфт ҳамин масъалаи бачаат ҳал шавад, пул садқаи сар. Вай бароям 400 доллар оварда дод ва ман ин пулро ба "полковник" додам,” -- бо андӯҳ ба ёд меорад Асалмоҳ, ки ба ваъдаҳои шахси қаллоб пурра бовар карда буд.

Баъд аз се рӯз "полковники Генпрокуратура Қодиров Муҳаммад Зоирович" боз ба хонаи Асалмоҳ омада ва дар ҳузури ӯ ба касе занг мезанад дуруд дароз сӯҳбат мекунад. "Вай гуфт, ки бо командирони қисми ҳарбии Хоруғ гап задааст. Онҳо ҳам ҳаққашонро мехоҳанд, 200 доллари дигар даркор," – мегӯяд холаи Асалмоҳ.

Асалмоҳ барои ёфтани ин 200 доллар дар назди ҳамсояаш қариб зону задааст ва хеле илтиҷову тавалло кардааст. “Охир, ман касали қанд дорам, як зани нохондагӣ, ба қасамҳои вай бовар кардам, вай боз ба номи духтаронаш қасам хӯрд, бовар кардам ва ба умеди кумакаш шудам ба шавҳарам, ки дар Краснодар мардикор аст, гуфтам, ки як одам пайдо шуд, дар масъалаи Холмурод ёрдам мекунад,” -- мегӯяд ӯ.

Бо умеди он ки ба зудӣ писари беморашро ба Душанбе "мегузаронанд" ва ӯ метавонад, ба аёдаташ равад, шабҳо Асалмоҳро хоб намебурд. Вале "полковник" боз омада ва гуфтааст, барои ба Душанбе овардани Холмурод аввал бояд барояш билети ҳарбӣ дуруст кард. Бе ин ягон илоҷи сарбозро аз ҷояш ҷунбондан вуҷуд надоштааст. Албатта, ин ҳам харҷ дорад, 100 доллар аст, вале хубияш он аст, ки Холмурод бо ҳамин аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад.

"Полковник" роҳи қарзгирӣ аз бонкро нишон додааст ва Асалмоҳ аз бонк 100 доллар гирифта, ба ӯ додааст. Ду рӯз баъдаш боз каме пул зарур шуд, аммо начандон зиёд. Ин бор ҳамсояи дигари Асалмоҳ ба ӯ мадад расонд. Хулоса, ба сурати умум "полковники Генпрокуратура Қодиров Муҳаммад Зоирович" аз Асалмоҳ Шарифова 750 доллар ва 20 000 рубл гирифт ва аз рӯзи 12 май ҳама гуна робитаро бо Асалмоҳ қатъ кард. "Доим телефонаш мекардам. Ин қадар рӯз занг мезанам, телефонаш хомӯш аст. Ба телефонаш пул гузарондам, боз ҳам намегирад."

Асалмоҳ шарҳ медиҳад, ки ба ғайри пулҳои додааш, "полковник" занг мезад ва мегуфт ба ҳисоби телефонаш 10 ё 20 сомонӣ гузаронад, зеро ҳамаи пулаш барои писари ӯ сарф мешудааст.

Ҷустуҷӯҳои ӯ дар Додситонии кулли Тоҷикистон низ натиҷае надод. Барояш гуфтанд, ки дар ин ҷо касе бо номи "полковник Қодиров Муҳаммад Зоирович " кор намекунад. Баъд аз дарки он ки Асалмоҳ қурбонии найранг шудааст, вай ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард.

Рӯзи 22 май муфаттиши ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асоси арзиаи сокини кӯчаи Айнӣ Асалмоҳ Шарифова қазияи қаллобии як сокини Душанберо тафтиш мекунад. Ду рӯз пеш аз ин сӯҳбат бо нишондодҳои ҷабрдида шахсе боздошт шуд, ки дар ин қазия ҳамчун “ронанда”- и “полковник”-и нопадидшуда мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Мақомот бовар доранд, ки ба воситаи ин шахси боздоштшуда ба зудӣ худи "полковник"-ро низ пайдо хоҳанд кард ва ӯ аз ҷазо эмин нахоҳад монд.

Аммо Асалмоҳ Шарифова мегӯяд, "ба сад ҷон розӣ аст", ки аз гуноҳи он нафар гузарад, ба шарте ки пулҳои бурдаашро бозгардонад. Ё ба ваъдааш дар бораи бозгардондани писараш аз Хоруғ вафо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG