Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон


Даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 23 май бо се бозӣ шурӯъ мешавад.

Даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 23 май бо се бозӣ байни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – “Барқи тоҷик”-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва ССКА «Помир»-и Душанбе - «Равшан»-и Кӯлоб шурӯъ мешавад. Як бозии дигари ин давр рӯзи якшанбеи 24 май байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Хайр»-и Ваҳдат барпо мегардад.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври ҳафтум байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бинобар омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия (26 май дар Душанбе), аз 24 май ба рӯзи ҷумъаи 29 май гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”, ки дар ҳамаи шаш бозӣ ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. “Хайр” бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ” бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

6

0

0

27-2

18

2

«Хайр» (Ваҳдат)

6

4

1

1

12-8

13

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

3

3

0

11-6

12

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-5

11

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

1

3

3-8

7

6

«Равшан» (Кӯлоб)

6

2

1

3

7-13

7

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

5

1

2

2

6-5

5

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

1

2

3

2-7

5

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

5

1

0

4

3-11

3

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

6

0

0

6

0-15

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 4 тӯб, Наполеон Андох («Хайр»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Бледа Родригес («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG