Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Касбҳои мамнӯъ барои муҳоҷирон дар Русия


Ҳукумати вилояти Магадани Русия баъзе намуди касбу корро барои муҳоҷирон манъ намуд. Аз ин пас то як соли дигар дар ин вилоят барои муҳоҷирон пантенти кор ҳамчун ронандаи мошин ва крани борбардор, булдозерчӣ ва ронандаи мошинҳои боркунанда дода намешавад. Мақомоти ин вилоят гуфтаанд, сабаби маҳдуд кардани навъҳои патент ин аст, ки дар байни шаҳрвандони Русия соҳибони ин пешаҳо, ки бекор мондаанд, зиёданд ва муҳоҷирон ҷойи кори онҳоро банд мекунанд. Ҳамчунин ба Вазорати кор ва сиёсати иҷтимоии Русия супориш шудааст, ки ҷалби нерӯи хориҷии корро ба соҳаи истихроҷи маъдан ва сангҳои қиматбаҳо манъ намояд. Сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст. Хадамоти муҳоҷирати Русия дар вилояти Магадан аз аввали соли 2015 то ҳоло 1278 патент додааст, ки 77 дарсади онҳоро шаҳрвандони Украина, 19 дарсад Узбакистон ва бақияро шаҳрвандони Молдова, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG