Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар урдугоҳи Академияи клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фестивал ё ҷашнвораи футболи AFC (U-14) барои дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз ёфт.

Дар урдугоҳи Академияи клуби футболи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар шаҳраки Алмосии Ҳисор ҷойгир аст, рӯзи 22 май Фестивал ё ҷашнвораи футболи Конфедератсияи футболи Осиё - AFC (U-14) - барои дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шурӯъ шуд.

Дар ин ҷашнвора дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Непал ва Покистон ширкат доранд. Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони Ҷашнвораи футболи AFC гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора Шамил Комил Муҳаммад Ал-Ҷоҷонӣ, ҳамоҳангсози кулли ин ҷашнвора аз Ироқ, иброз дошт, ки ҳадафи аслии ҷашнвора ба бозигарони наврас додани имконияти таҷрибаомӯзӣ ва омодагӣ ба мусобиқоти оянда таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка, гурӯҳи «Б» - Афғонистон, Непал ва Покистон.

Дар нахустин бозии ин ҷашнвора футболбозони навраси тоҷик аз ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрданд. Голҳо: Ҷавод Ёрӣ, 21 (0:1). Алиризо Асадабадӣ, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадабадӣ, 56 (1:3). Баёни Акбар, 58 (2:3).

Дар даври дувум мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи шанбеи 23 май бо дастаи Ҳиндустон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи бозиҳои ҷашнвора дар майдони Академияи футболи “Истиқлол” баргузор мешаванд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 30-дақиқаӣ иборат аст.

Ҷашнвораи минтақавии футболи АFC (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ:

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

22 май (ҷумъа)

10.30 – Тоҷикистон – Эрон – 2-3

16.00 – Непал – Покистон

17.30 – Шри-Ланка – Ҳиндустон

Даври 2-юм

23 май (шанбе)

9.30 – Покистон – Афғонистон

16.00 – Эрон – Шри-Ланка

17.30 – Ҳиндустон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

25 май (душанбе)

9.30 – Ҳиндустон – Эрон

16.00 – Тоҷикистон – Шри-Ланка

17.30 – Афғонистон – Непал

26 май (сешанбе)

8.30 – 1 «А» – 2 «В»

9.45 – 1 «В» – 2 «А»

11.15 – 3 «А» – 3 «В»

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG