Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси боздоштшудаи додгоҳи иқтисодии Душанбе озод шуд


Раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Шарифзода, ки дар моҳи декабри соли гузашта барои гирифтани 7 ҳазор доллар ришва аз ҷониби Оҷонсии зидди коррупсия боздошт шуда буд, тибқи қонунуи афв ба озодӣ баромад. Як мақоми Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Шарифзода, ки барои гирифтани 7 ҳазор доллар ришва парванда боздошт шуда буд, ахиран тибқи қонуни афв аз моҳи ноябри соли гузашта, аз ҷавобгарӣ озод шуд. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, собиқ раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо пардохти маблағе, ки бо истифода аз мансабаш аз худ карда буд, яъне баробар ба 7 ҳазор доллар, озод карда шудааст.

Оҷонсии зидди коррупсия Раҳим Шарифзодаро ҳамроҳи ду ёвараш рӯзи 29 ноябри соли гузашта боздошт карда буд. Раҳим Шарифзода бо истифода аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун шахси мансабдор, аз шаҳрвандон барои иҷрои масъалаи корафтодагон ришва меситонидааст. Аз ҷумла ӯ дар моҳи августи соли гузашта ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Соҳибназаров Ф. барои бекор кардани таъиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб кардааст.

Вай дар моҳи августи соли равон тахминан ҳудуди 4000 долларро шахсан аз Соҳибназаров. Ф гирифта ва маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассутӣ котибони маҷлиси судӣ Ҳабибов Ҳ.Ҷ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст. Оҷонсии зидди коррупсия барои ин амали раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе тибқи моддаи 319 қисми 3 ва зидди котибон Ҳабибов Ҳ. ва Нусратуллозода А. парванда ҷиноӣ боз карда буд.

XS
SM
MD
LG