Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 900 зану наврас афв мешаванд


Дар Қирғизистон 900 зан ва наврас аз зиндон раҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора порламони ин кишвар қонуни афвро ба тасвиб расонд. Дафтари матбуотии порламон гуфтааст, ки афви мазкур иқдоми башардӯстона аст ва ба баъзе аз гурӯҳҳои зиндониён иртибот хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, занон ва наврасоне афв хоҳанд шуд, ки дар зиндагии худ як бор иштибоҳ содир кардаанд ва бори аввал ба зиндон афтодаанд. Шахсоне низ ба афв дохил мешаванд, ки нисфи мӯҳлати зиндони худро сипарӣ кардаанд.

Барои ба иҷро даромадани ин афв раиси ҷумҳур бояд қонуни ба тасвибрасидаро имзо кунад. Соли 2014 низ Қирғизистон афви умумӣ эълон карда буд ва тақрибан 7 ҳазор нафар афв шуданд. Баъзеи онҳо аз зиндонҳо раҳо шуданд ва мӯҳлати зиндони баъзеҳои дигар камтар шуд.

XS
SM
MD
LG