Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афви тоҷике ки ба марги ду нафар айбдор мешуд


Як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ба марги ду нафар дар сохтмон айбдор мешуд, мавриди афв қарор гирифтааст. Додситонии кишвари Красноярск, воқеъ дар минтақаи Сибири Русия рӯзи 22 май хабар дод, ки ҳукми додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Красноярск дар бораи афви гуноҳи Ҷалилов А.К.-ро пазируфтааст.

Рӯзи 15 январи соли равон Ҷалилов, ки дар сохтмони як бинои 16-қабата ба ҳайси ронандаи кран кор мекард, ҳангоми интиқоли бор бо тири кранаш дар қабати 16-уми бино ду муҳоҷири дигар – Э.С. Калибеков ва Э.Т.Қосимбековро зер кардааст. Дар натиҷа ҳарду дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд.

Ҷалилов гуноҳашро пурра эътироф карда, дар додгоҳ гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон аст. Додгоҳ ба ин далел тибқи қонуни афве, ки дар Русия ба муносибати солгарди 70-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ эълон шуда буд, ин муҳоҷири тоҷикро афв кардааст.

Додситонии Красноярск мегӯяд, масъалаи пардохти товон ба наздикони ҳалокшудагон баъдан ба таври алоҳида ва бар асоси даъвои онҳо дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG