Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати атбои Шӯравии пешин дар Палмира


Дар ҷангҳо барои Палмира миёни нерӯҳои давлати Сурия ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" шаҳрвандони Русия, Узбакистон ва эҳтимолан Тоҷикистон кушта шудаанд. Як манбаъ дар Вазорати дифои Сурия ба хабагузории РИА "Новости" гуфтааст, дар наздикии Палмира гурӯҳи тақрибан 40-нафараи ситезаҷӯёни "Давлати Исломӣ" кушта шудаанд, ки зоҳиран, аз кишварҳои Шӯравии собиқанд. Аз ҷайби бархе аз онҳо ҳуҷҷатҳое ба даст омадааст, ки ба Доғистон ва Узбакистон рабт мегиранд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар байни онҳо шаҳрвандони дигар давлатҳои пасошӯравӣ низ будаанд. Мақомоти Сурия мегӯянд, пеш аз оғози ҷангҳо дар Палмира, бахши бузурге аз ёдгориҳои бостониро ба ҷои амн кӯч додаанд. Палмира, ки ҳамчун ёдгории нодири таърихӣ зиёда аз 2000 солааст, рӯзи панҷшанбе зери назорати ҷангҷӯёни "Давлати Исломӣ" гузашт.

XS
SM
MD
LG