Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Э.Раҳмон додситони Сомонӣ шуд


Раҳмон Умедҷон Нуриддин, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон додситони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳарчанд бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон будани Умедҷони Нуриддинро таъкид накардааст, аммо гуфта, ки досдитони ноҳияи Исмоили Сомонӣ шудани ӯ бо мувофиқа бо раисиҷумҳур сурат гирифтааст. Умедҷони Нуриддин, писари бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон – Нуриддин Раҳмонов пеш аз ин сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон буд. Вай моҳи августи соли гузашта медали хизмати шоиста гирифтааст.

XS
SM
MD
LG