Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари нав дар куштори Борис Немтсов


Ҷое, ки Немтсовро ба қатл расонданд
Ҷое, ки Немтсовро ба қатл расонданд

Дар парвандаи куштори Борис Немтсов як гумонбари дигар пайдо шуд. Вай Руслан Мухадинов-шаҳрванди Чеченистон аст. Акнун бозрасони парвандаи ин куштор бояд дақиқ кунанд, ки оё шахсе бо номи мустаори “Русик” ҳамин Руслан аст ё каси дигар.

Дар нахустин бозпурсиҳо Заур Дадаев-гумонбари аслии куштор дар бораи “Русик” сӯҳбат карда буд. Барои шиносоӣ акнун акси Мухадиновро бояд ба Темирлан Эксерханов нишон диҳанд, ки ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор боздошт шудааст.

Агар Эксерханов ширкати Мухадиновро тасдиқ кунад, дар он сурат фармоишгари ин куштор саргурд ё майор Руслан Геремеев истисно дониста мешавад.

То ҳол ҷустуҷӯи Мухадинов барои бозпурсӣ натиҷа надодааст. Бозрасон ошкор кардаанд, ки Мухадинов дар Маскав бо мошини тамғаи Mercedes ML мегаштааст, мошине ки фармоишгари эҳтимолии қатли Немтсов бо он мегашт.

Борис Немцов 27 феврал дар маркази Маскав ба қатл расида буд.

XS
SM
MD
LG