Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти ИА бо 6 кишвари Шӯравии пешин поён меёбад


Мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо бо 6 кишвари Шӯравии пешин

Мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо бо 6 кишвари Шӯравии пешин

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки густариши ҳамкориҳо бо 6 кишвари Шӯравии пешинро дар назар дорад, 22 май дар Латвия ба поён мерасад.

Дар маросими гушоиши ин мулоқот дар Рига 21 май Доналд Туск-раиси Иттиҳодияи Аврупо гуфт, барномаи “Ҳамкории шарқӣ”-и Иттиҳодияи Аврупо “озмуни зебоӣ” нест, ки ин кишварҳоро аз Русия дур кунем. Вай гуфт, ин мулоқот бар зидди Маскав нигаронида нашудааст.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мегардад, ки нақши Русия дар муноқишаҳои шарқи Украина ба мулоқот соя афкандааст.

6 кишвари узви барномаи “Ҳамкории шарқӣ” Украинаву Гурҷистон, Молдоваву Озарбойҷонва Арманистону Беларус мебошанд.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон зимни суханони худ гуфт, “Ҳамкории шарқӣ” василаи тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо нест, балки наздик шудан бо кишварҳои узви ин иттиҳодия аст.

Украинаву Гурҷистон ва Молдова мехоҳанд ҳамгароии бештар дошта бошанд ва саранҷом ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дароянд. Вале Арманистону Беларус бо узвияти худ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имконоти худро камтар кардаанд.

Интизор меравад, ки дар поёни мулоқоти Рига ширкаткунандагон қатъномае ба тасвиб расонанд ва дар он вазъ дар шарқи Украина низ матраҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG