Пайвандҳои дастрасӣ

Таъиноти кадрӣ дар идораҳои давлатӣ


Рӯзи ҷумъа бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода аз мақоми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Саидмуҳаммад Шамсиддинзода аз вазифаи раҳбари "Тоҷиктрансгаз" озод гардиданд. Ҳоло Ҷамшед Аҳмадов раиси нави Кумитаи меъморӣ таъин шуда, дар бораи мақоми нави Абдувалӣ Комилзода хабар дода нашудааст.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Саидмуҳаммад Шамсиддинзода ҳамроҳ бо Бахтиёр Бобоев директорони ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои директорони ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" шудаанд. Ҷамшед Каримов ба ҳайси муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон ба ҷои пешини Ҷамолидди Нуралиев омадааст. Ӯ ҳоло муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.

Инчунин, Нусратулло Файзуллоев сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ, Баҳриддин Валиев директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Ҳабибулло Амирбекзода муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Марҳабо Олимӣ муовини аввал ва Зулфия Лашкарбекова муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сайрам Бақоева ноиби аввали директори Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" таъин шудаанд.

XS
SM
MD
LG