Пайвандҳои дастрасӣ

Интишори номаҳо, мукотиба ва асноди наве аз Усома бин Лодин


Аз кушта шудани раҳбари Ал-Қоида чаҳор сол мегузарад ва Амрико рӯзи чаҳоршанбе бархе аснодро, ки аз хонаи вай дар Абатободи Покистон ба даст оварда буд, нашр кард.

Маҷмӯаи наве аз аснод, мукотиба ва маълумоте, ки аз махфигоҳи раҳбари "Ал-Қоида" дар вақти ҳамла ба ӯ ба даст омад, аз сӯи мақомоти амрикоӣ мунташир шудааст. Ин маҷмӯа дар 103 саҳифа ба забони англисӣ тарҷума шуда ва шомили маълумоте аст дар бораи китобҳо ва мақолаҳое, ки Усома бин Лодин дар он замон мутолиа мекард ва ҳамчунин номаҳо ва мукотибаҳое, ки аз байни 80 санад ба даст омадааст.

"Роҳнамои мухтасари шинохти ислом", "Зуҳур ва суқути қудратҳои бузург" ва "Ҷангҳои Обама" аз ҷумлаи китобҳое ҳастанд, ки дар махфигоҳи Усома бин Лодин вуҷуд доштаанд. Дар хонаи Усома бин Лодин даҳҳо китоби англисӣ ҳам ба даст омадааст, ки аксарашон дар бораи назарияҳои дасисапардозӣ аст. Дар миёни ин китобҳо, ҳадди ақал нуздаҳтои он дар мавриди иқтисоди Олмон ва Фаронса будааст.

Асноди ба дастомада аз хонаи Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" нишон медиҳад, ки тамос миёни ин гурӯҳ бо Толибони покистонӣ ва истихбороти он кишвар вуҷуд доштааст. Дар ин санадҳо ба чанд мавзӯи дигар ҳам ишора шудааст, ки Усома бин Лодин барои иҷрои он тарҳрезӣ карда буд.

Дар миёни садҳо санад номаҳое аз аъзои шабакаи "Ал-Қоида" ва наздикони онҳо ва асноде дар мавриди эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Миср, ҷанги Афғонистон ва Ироқ ва дигар масъалаҳо шомиланд. Бар асоси ин аснод, Усома бин Лодин аз тактикаҳои шабакаи "Ал-Қоида" дар Ироқ розӣ набудааст.

Ҳамчунин дар ин санадҳо гуфта шудааст, ки Усома бин Лодин бо кушта шудани мусалмонон дар ҷараёни ҳамлаҳои интиҳорӣ алайҳи ғайримусалмонон фикри худро доштааст ва аз он норозӣ будааст. Гуфта мешавад, ки мухолифати бин Лодин дар мавриди ҷанги Ироқ, боиси пароканда шудани гурӯҳҳои вобаста ба шабакаи "Ал-Қоида" шуда ва дар натиҷа онҳо ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мубаддал гардидаанд.

Хабаргузории ДПА-и Олмон гузориш дод, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар мавриди баррасии асноди бадастомада аз хонаи раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" бар шаффофияте таъкид карда буд, ки бо усули амнияти миллии он кишвар мувофиқ бошад.

Раиси идораи истихбороти Амрико мегӯяд, "шояд дар мавриди ифшои садҳо санади дигар, фикр карда шавад." Ба гуфтаи вай, асноде ки ифшо шудани он ба амалиётҳои ҷорӣ алайҳи шабакаи Ал-Қоида ва гурӯҳҳои вобаста ба он зиён ворид накунад, нашр хоҳанд шуд.

Дар асноде, ки чаҳоршанбе нашр шуд, аз робитаи мустаҳкам ва тамосҳо миёни шабакаи Ал-Қоида бо Толибони покистонӣ ва идораи истихборототи он ба таври муфассал гуфта шудааст, аммо ҷузъиёти бештари он ба сурати муфассал дар расонаҳо то ҳоло нашр нашудааст.

Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида дувуми майи соли 2011 дар як амалиёти нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар махфигоҳаш дар Абботтободи вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон кушта шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG