Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" -- нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯ ҳам ба Сурия рафтааст.

Як нозири Шӯъбаи махсуси Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, сокини ҳамсоядеҳи Гулмурод Ҳалимов, полковники "гумшуда"-и Вазорати корҳои дохилӣ низ ба таври мармуз ғайб задааст.

Дар ҳоле ки ҳеч кас ҷойи рафтан ва ё макони будубоши Ҷӯрабек Дӯстовро намедонад, бархе аз бошандагони деҳаи Арақчии ноҳияи Варзоб бо бадгумоние, ки баъди ғайб задани Гулмурод Ҳалимов дар дилашон пайдо шудааст, ҳадс мезананд, ки эҳтимол ӯ ҳам ба Сурия фирор карда бошад.

Манобеи Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон низ гум шудани Ҷӯрабек Дӯстовро, ки дар ҷойи кораш бо тахаллуси "Дустум" машҳур будааст, тасдиқ карда ва гуфтанд, ки барои муайн намудани ҷойи будубоши ӯ ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат шудааст. Нопадид шудани "Дустум" дар ҳоле ба Сурия пайванд гирифт, ки мақомот дар Раёсати зиндонҳо дар пайи таҳқиқи гум шудани Ҷӯрабек Дӯстов, аз телефони як ҳамкори дигари ӯ маводи ифротгароёна пайдо кардаанд.

Манобеи Раёсати маҳбасҳо гуфтанд, наворҳои ифротгароёна дар телефони мобилии як хонуми нозирро дар зиндон ошкор кардаанд ва ӯ

Иззатулло Шарифов

Иззатулло Шарифов

дафъатан аз кор сабукдӯш шуд. Изатулло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиоӣ Озодӣ гуфт, хонуми нозир бо аризаи худ аз кор рафтааст, аммо нахост, қазияи нопадид шудани Дӯстовро шарҳ диҳад.

Вале сокинони деҳаи Чормағзакон Дӯстовро аз ҳамнишинони Ҳалимов мехонанд ва гум шудани ӯро ба қазияи гум шудани Гулмурод Ҳалимов пайванд медиҳанд. Насриддин Рамазонов, як сокини деҳаи Чормағзакон, гуфт, "аз деҳаи Чормағзакон, ки ду километр аз мо дур аст, акои Гулмурод, сардори ОМОН, гум шуд ва ҳозир ҳама мегӯянд, ки ӯ Сурия рафтааст. Акаи Ҷӯрабек ҳам гум шуд, ҳозир ҳама овоза кардаанд, ки мумкин ӯ ҳам ба Сурия рафта бошад."

Пайвандони Ҷӯрабек Дӯстов фирори ӯ ба Сурияро хандаовар медонанд. Фароғат Холова, ҳамсари ин мард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуд ва гуфт, ки ба туйи як ҳамкораш меравад: "Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, кинамеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд."

Тағойбек Дӯстов, бародари ин мард низ гуфт, ҳоло онҳо дар бораи гум шудани бародарашон расман ба ШКД-и ноҳияи Синои пойтахт ариза додаанд ва ҳамроҳ бо дӯстонаш ӯро дар кӯҳу пушта ва соҳили рӯдхонаи Варзоб ҷустуҷӯ мекунанд. "Мо ҳамин дохилро ҷустуҷӯ дорем, ки шояд ҳамин ҷо бошад. Ӯ ҳеч гоҳ ба хориҷа нарафта буд. Умедворем, ки дар ҳамин дохил аст ва ҳоло аксҳояшро тақсим карда, аз сокинон хоҳиш дорем, то барои пайдо кардани ӯ кумак намоянд,"-- афзуд ӯ.

​Ҳамин тавр, дӯстону пайвандони Ҷӯрабек Дӯстови 46-сола, ки собиқаи 23-солаи кор дар зиндон дорад, эҳтимоли фирори ӯ ба Сурияро бепоя медонанд. Аммо овозаи фирори ӯ ба Сурия дар ҳолест, ки ҳамсоядеҳааш полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 23 апрел ғайб зад ва ҳоло бисёриҳо ба ин назаранд, ки ба Сурия фирор кардааст. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин овозаҳоро беасос нахонданд ва танҳо гуфтанд, "ин масъаларо таҳқиқ мекунанд".

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки ҳоло гум шудани афродеро мисли Ҷӯрабек Дӯстов ба Сурия рабт додан ба он аломатест, ки ин гуна ҳодисаҳо бештар шудаанд ва мардум ба ҳама мавридҳои гум шудани одамҳо шак мекунанд. Ба қавли онҳо, азбаски ин нопадидшавиҳо шарҳи расмӣ пайдо намекунанд, ҷомеа ин ҳодисаҳоро ҳамчун воқеият қабул мекунад.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

"Вақте хабарҳое нашр мешаванд, ки як нафар чанд рӯз гум шуд ва ба падараш аз Сурия занг зад, пайдоиши ин овозаҳоро бештар кардааст. Чунин овозаҳо вақте бештар мешаванд, ки иттилои расмӣ ва дуруст ба мардум пешниҳод намешавад,"-- мегӯяд Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик.

Дар чанд моҳи охир мавридҳое буданд, ки хабари ҷавонҳои гумшуда аз Сурия пайдо шуда ва мақмоти Тоҷикистон як ҷавондухтари сокини ноҳияи Рӯдакиро аз марзи Туркия бо Сурия ба Тоҷикистон баргардонданд. Ҳоло, ҳарчанд, мақомот ва наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, ӯро дар дохили Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунанд, аммо овозаи сокинон ӯро алакай ба Сурия бурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG