Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маъракаи имсолаи "занги камолот"-ро боз ҳам маҳдудтар кард. Он акнун на дар саҳни мактаб, балки дар ягон синфхона ё маҷлисгоҳ баргузор хоҳад шуд.

"Занги камолот" дар саҳни мактаб бо гулу гулдастаҳо ва ширкати хонандаҳои синфҳои аз як то даҳ акнун ба хотираҳои гузашта табдил меёбад. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли ҷорӣ ин маросимро дар чаҳорчӯби синфҳои 11 ва он ҳам на дар саҳн ё ҳавлии мактаб чун ҳарсола, балки дар ягон синфхона ё маҷлисгоҳ маҳдуд кард.

Бино бар ин дастур, дар тӯли 45 дақиқа омӯзгорон хонандаҳои фаъол ва ғолибони озмунҳои мактабро табрик мегӯянд ва бо ҳамин маросим тамом мешавад. Тибқи дастур волидон ба табрики фарзандони худ намеоянд ва хатмкунандаҳо набояд мунтазири тӯҳфаву сабаду гулдаста бошанд. Хатмкунандаҳо ҳамчунин бояд занги охирро на бо либосҳои муҷаллал, балки бо либосҳои маъмулӣ баргузор намоянд.

Мақсуда Муродова, раҳбари мактаби рақами 10-и шаҳри Душанбе фармони вазир дар даст чанд рӯз аст кори худро аз таъкид ва сӯҳбат бо хатмкунандаҳо шурӯъ мекунад. "Албатта, чанд сол шуд ин мушкил алакай то ҷое аз байн рафтааст, вале бо вуҷуди ин, мо имсол таъкид дорем то фармон пурра риоя шавад. Рӯзи занги камолот рӯзи корӣ аст ва хатмкунандаҳо ҳам баъд аз табрикот ба дарс машғул мешаванд,” -- гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ду рӯзи қабл, вазири маориф ва илм дар ҷаласаи вижае бо раҳбарони мактабҳо ва шӯъбаҳои маориф бори дигар таъкид кардааст, ки аз баргузории бошукӯҳи занги охир ҷилавгирӣ шавад. Тибқи дастури вазир, имсол ҳамчунин ба волидон ҳам таъкиди ҷиддӣ шудааст, ки аз чаҳорчӯби қонуни танзими расму оин берун набароянд ва ба фарзандони худ пул надиҳанд.

Абдуҷаббор Алиев

Абдуҷаббор Алиев

Абдуҷаббор Алиев, масъули бахши мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, "дар фармони вазир имсол 3 талаби сахт дар назди муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи волидон гузошта шудааст. Омӯзгорон аз ин масаъалаҳо алакай огоҳанд, аммо аксар вақт мо шоҳиди он мешавем, ки гунаҳкори аслии чунин чорабиниҳои бошукӯҳ ва қонунвайронкунӣ волидон ҳастанд. Онҳо агар нахоҳанд, ин ҳама харҷу хароҷот намешавад. Мо ин дафъа махсус таъкид кардем, ки риояи қатъии талаботи танзими расму оин ва вазири маориф дар бораи "Занги камолот"-ро риоя кунанд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида мешавад."

Дар ҳоле, ки Вазорати маориф мегӯяд, муқарароти нави “Занги камолот” ба манфиати хонандаҳост, зеро на ҳамаи онҳо барои сару либоси идона, тӯҳфаи омӯзгор ва хароҷоти дигар пул доранд, хатмкунандагон аз ин хабар нороҳат шуда, баъзе онҳо ҳатто гиря кардаанд.

Бархе аз хатмкунандаҳои мактабҳои миёна, ки аллакай барои як ҷамъомади мактабӣ ва бо либоси наву ботантана зоҳир шудан дар ҳузури хонандаҳои дигар омода буданд, аз он норозиянд, ки охирин шонси хушҳолии онҳоро ҳадди аққал дар дохили мактаб аз дасташон гирифтанд.

Сайрам, хонандаи як мактаби пойтахт мегӯяд, тамоми сол курта дӯхтаву бо меҳнати худ маблағ ҷамъ кард, то дар занги охир бо либоси зебои мактабӣ дар назди ҳамсабақон зоҳир шавад. ”Медонистем, ки мисли солҳои пеш ҷашни бошукӯҳ намешавад, аммо ба ҳар сурат одат буд, хатмкунандаҳо либосҳои наву зебо пӯшанд, чун дар занги охир ҳама синфҳои дигар ба онҳо таваҷҷӯҳ мекарданд ва онҳоро табрик мекарданд. Ин як рӯзи иди мо аст. Хайр, бигзор, сайругашт наравем, шабнишинӣ накунем, аммо дар мактаб бароямон як ҷашне оростан фикр мекунам ҳеҷ бадие надошт,” -- мегӯяд Сайрам.

Ҷаъфар, хатмкунандаи дигар аз мактаби рақами 56 мегӯяд, ҳамсинфонаш зиёд мехостанд, занги охир дар ҳаёти мактабиашон, мисли солҳои пеш хотирмон гузарад, то тамоми умр он рӯзро ба хушӣ ёд кунанд. Ҷаъфар ҳоло аз он нороҳат аст, ки пас аз чанд соли дигар ба эҳтимоли зиёд рӯзи хатми мактабашонро фаромӯш мекунанд. Зеро чизи ҷолиберо дар барномаи занги камолоти мактабашон интизор нест: “Камтар аламовар аст, акнун чунин мешавад, ки дар рӯзи занги охир ба мактаб омада, таҳсил мекунему меравем, яъне як рӯзи маъмулӣ. Албатта, аз як ҷиҳат хуб аст, ки ин маҳдудиятҳо ба хотири рух надодани нохушӣ ва ҷангу ҷанҷолҳо гирифта шудааст, аммо аз сӯи дигар? ҳадди ақал мемонданд, дар мактаб мисли ҷашнҳои дигар рақсу хушҳолӣ кунем. Навор гирем, акс гирем хотиравӣ, то чизе дар ёдамон монад.”

​Аммо назари волидон ба ин таъкиду муқаррароти нав дар занги камолот мухталиф аст, бархе аз кам кардани хароҷоти ин маросим, ки панҷ шаш соли пеш то ба 500 - 600 доллар расида буд хушҳоланд, аммо гурӯҳе ҳам аз он, ки вазорат комилан вижагиҳои занги охирро аз байн мебарад ва наврасонро аз як рӯзи хушҳолӣ маҳрум мекунад, розӣ нест.

Таҷлили бошукӯҳ аз “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдати ва риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим соли 2007 бо фармони Вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонов манъ шуда буд. Аммо то соли равон, мактабҳо имкон доштанд бо хатмкунандаҳои худ дар як ҷамъомади калон дар саҳни мактаб бо ширкати ҳама хонандаҳо, худоҳофизӣ кунанд. Дар ин маросими 45 дақиқаи шеъру сурудхонӣ ҳам мешуд ва бо вуҷуди таъкидҳои вазири маориф бархе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳонот шабнишиниҳои пинҳонӣ меоростанд.

Масъулини вазорати маориф мегӯянд, махсусан дар шаҳр бо вуҷуди фармону дастурҳо хонандагон талош мекарданд, занги охирро бошукӯҳ ҷашн гиранд. Соли гузашта хонандаҳои мактаби 90-и пойтахт бо мошинҳои зиёде ба занги охир омаданд ва дар пай раҳбару муовини ин мактаб аз вазифаҳои худ сабукдӯш шуданд.

Ин ҳодисаро ҳам масъулини мактабҳои дигар фаромӯш накардаанд ва имсол ба "Занги камолот" омодагии ҷиддӣ мебинанд. Онҳо аз ҳар роҳе метавонанд, истифода мебаранд, то хонандагон дар доираи фармону дастури вазир амал кунанд. Маросими худоҳофизӣ бо мактаб дар Тоҷикистон имсол 6 июн муқаррар шудааст. Бархе аз хатмкунандаҳо мегӯянд, ду моҳи ахир ба ин маросим омодагӣ медиданд, аммо ахиран фаҳмиданд, ки як рӯзи маъмулӣ аст.

Ҳашт-нӯҳ сол қабл дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе, "Занги охир" бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон аввал бо иштироки овозхонҳову раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъд аз хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG