Пайвандҳои дастрасӣ

Ибодӣ вазъи Ироқро дар Маскав баррасӣ мекунад


Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, дар сӯҳбат бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Маскав рӯзи 21 май изҳор намуд, ки терроризм на фақат ба Ироқ, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ таҳдид мекунад. Ӯ дар робита ба таҳдиди гуртӯҳи “Давлати исломӣ” гуфт, мо хуб мефаҳмем, ки ин мавзӯъ мавриди назари Русия қарор дорад ва интизори ҳамкории бештар дар ин самтем”.

Қарор аст, ки Ҳайдар Ибодӣ шоми панҷшанбе бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам мулоқот кунад.

Сафари нахуствазири Ироқ ба Маскав дар ҳоле сурат гирифт, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анборро таҳти назорат гирифтааст.

Русия соли гузашта чанд чархболи ҷангии МИ-28-ро дар ихтиёри артиши Ироқ гузошта буд.

XS
SM
MD
LG