Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси пулии "Престиж" бо "Конибодом"-у "Лаъл"


Шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд

Оҷонсии зидди коррупсия бо такя ба аризаи ширкати “Перестиж”-и шаҳри Хуҷанд алайҳи ширкати консервабарории “Конибодом” ва ширкати шишбарории “Лаъл” бо моддаҳои моддаҳои 245 қ.4 банди “б” (аз худкунии маблағҳо) ва бо моддаи 340 қ.2 бандҳои “а, б” (истеҳсоли маркаҳои тақаллубӣ) парванда боз карда ва мехоҳад ба баҳс миёни ин ширкатҳо поён диҳад. Дафтари матбуоти раёсати Оҷонсии зидди коррупсия дар Суғд рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси аризаи раиси ширкати “Перестиж”-и Хуҷанд Абдурашид Усмонов дар мавриди азхудкунии ҳудуди 3,5миллион сомонӣ аз тарафи ширкатҳои “Конибодом”ва “Лаъл, ки раҳбари ҳарду сокини ноҳияи Конибодом Мирзоҳалим Мирзокаримов мебошад, парванда боз шуда ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба гуфтаи раиси ширкати “Престиж”, ки аслан сармоягузори комбинатҳои консервбарории шаҳри Хуҷанд ба шумор меояд, дар соли 2004 барои фаъол шудани ширкати консервбарории “Конибодом” кӯмаки молӣ намуда ба ҳисоби он 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ интиқол медиҳад. Аммо ба гуфтаи вай, масъулони ширкати “Конибодом” аз додани маблағ сарпечӣ намуда, онро аз худ мекунанд ва дар ниҳоят ин вазъ ба фалаҷ шудани ширкати “Престиж” меорад. Абдурашид Усмонов, раиси ширкати “Престиж” мегӯяд, баъди азхудкунии маблағҳо аз тарафи раиси шӯрои директорони ширкати “Конибодом”, фаъолияти ширкаташ заъиф шуда ва натавонист комбинатҳои консервбарориро маблағгузорӣ кунад. Вай мегӯяд, аз Оҷонсии зидди коррупсия тафтишоти мунсифонаро интизор ҳаст, то маблағҳояшро баргардонад ва ширкаташ дубора фаъол шавад.

Аммо Мирзоҳалим Мирзокаримов, раиси ширкати консервбарории “Конибодом” ва корхонаи шишабарории “Лаъл” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иддаои масъули ширкати “Престиж” асос надорад ва онҳо аз ин ширкат ҳеҷ маблағе қарздор нестанд. Вай гуфт, ки Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд ҳамин аризаи раиси ширкати “Престиж”-ро баррасӣ карда буд, вале бенатиҷа анҷомид. Ҷаноби Мирзокаримов меазояд, дар масъалаи фалаҷ шудани ширкати “Престиж” онҳо айбдор нестанд.

Ширкати “Престиж” аз соли 2004 то соли 2011 ба сармоягузории комбинатҳои консервбарорӣ, аз ҷумла се комбинати бузурги консервбарории шаҳри Хуҷанд машғул буд ва ҳамчунин барои фаъолияти онҳо аз хориҷи кишвар дастгоҳҳо ва фановариҳо ворид мекардааст. Аммо бо пеш омадани мушкил бо ширкати консервабарори “Конибодов” ва корхонаи шишабарории “Лаъл”, маблағҳои он аз гардиш монд ва ҳамин тавр фаъолияташ қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG