Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 21 май қонун дар бораи ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) пайвастани кишварро имзо кард. Ин қонун рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи парлумони Қирғизистон тасвиб шуда буд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Алмосбек Отамбоев навиштааст, ки “вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё роҳи молу колои мо ба бозори 200-миллионаи кишварҳои узви ин Иттиҳодияро боз мекунад”.

Созиш дар бораи таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як сол пеш дар шаҳри Остона аз сӯи сарони Русия, Белорус ва Қазоқистон имзо шуда буд. Фаъолити ин ниҳод аз 1 январи соли равон шурӯъ шуд. Моҳи январ ба он Арманистон ҳам пайваст.

Ҳадаф аз таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – таҳияи сиёсати ягонаи тиҷоратӣ, пулӣ ва андозбандӣ дар кишварҳои узв эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG