Пайвандҳои дастрасӣ

Қадршиносии Сафар Абдуллоҳ дар Қазоқистон


Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон хидматҳои донишманди тоҷики муқими Қазоқистон Сафар Абдуллоҳро бо нишони тилои “Ваҳдат” қадрдонӣ кард. Ин анҷуман, ки ҷомеаҳои миллии Қазоқистонро муттаҳид мекунад, аз тарафи раисиҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоев сарварӣ мешавад. Адиби саршинос ва сафири пешини Қазоқистон дар Чин, Мурод Авезов, мегӯяд, президент Назарбоев ба саҳми бузурги донишманди тоҷик дар рушди фарҳанг ва таҳкими фазои дӯстию тафоҳум миёни халқҳои Қазоқистон арҷ гузошт. Сафар Абдуллоҳ аз соли 1992 дар Қазоқистон ба сар бурда, сарвари маркази эронишносӣ, муҳаррири маҷаллаи “Эроннома”, мудир ва сардабири нашриёти “Китобхонаи Олҷас”, муаллифи даҳҳо китоб ва рисолаҳо аз таъсири мутақобилаи фарҳангҳост.

XS
SM
MD
LG