Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рига нишасти "Ҳамкории шарқӣ" оғоз меёбад


Арманистон ва Белорус аз имзои ҳама гуна санади ниҳоии нишасти “Ҳамкории шарқӣ”, ки дар он ба илҳоқи Қрим аз сӯи Русия ишора шудааст, сарпечӣ кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба як дипломати аврупоӣ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо тарҳи мусолиматомези санадро таҳия кардаанд, ки дар он ҳам мавқеъи Брюссел ва ҳам мавқеъи Арманистону Белорус дар робита ба қазияи Қрим инъикос меёбанд.

Нишасти «Ҳамкории шарқӣ» дар шаҳри Рига рӯзи 21 май ифтитоҳ мешавад. Дар он намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва ҳайатҳои шаш кишвари шӯравии собиқ – Украина, Гурҷистон, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон ва Белорус ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, ки нишаст ду рӯз идома кунад.

Аз ин пеш намояндаи вазорати умури хориҷии Русия Александр Лукашевич изҳор намуд, ки вокуниши Маскав ба ин нишаст шадид ва принсипиалӣ хоҳад буд, зеро он «аҳдофи рӯшани зиддирусиягӣ дорад». Аммо нахуствазири Латвия Лаймдота Страуюма таъкид намуд, ки ширкаткунандагони нишаст нияти алайҳи Русия ё кишвари дигаре бархостанро надоранд.

XS
SM
MD
LG