Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нави Маркази оянданигарӣ интихоб шуд


Пас аз истеъфои Ҳафиз Холиқзода аз раёсати Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Ёрмуҳаммад Ниёзӣ раиси ин марказ интихоб шуд. Комил Бекзода роҳбари маҳфили «Ҷаҳони андеша» 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ҳамчун корманди фаъоли Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон дар мудирияти барномаҳои он ширкат дошт ва ҳамроҳ бо навиштани рисолаи докторӣ ба кори ин марказ сарварӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар робита ба истеъфоиҲафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ -- раҳбарони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ ба Радиои Озодӣ гуфт онҳо бо хоҳиши худашон истеъфо додаанд. Фарҳод Раҳимӣ рӯзи 20 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ, ҳамчун раис ва муовини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Тоҷикистон довталабона хоҳиш карданд, ки аз кор дар ин марказ канор мераванд ва ба фаъолиятҳои илмиашон дар академия идома медиҳанд. Ин марказ дар нашри андеша ва арзёбиҳо нақш бозида, умдатан зидди густариши мазҳабгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG