Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Станикзай ба вазорати дифои Афғонистон


Маъсум Станикзай
Маъсум Станикзай

Маъсум Станикзай, собиқ вазири мухобироти Афғонистон, ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ шуд. Номзадии ӯро ба ин мақом раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ рӯзи 21 май пешбарӣ кард. Агар қонунбарорҳо ба номзадии Станикзай раъй бидиҳанд, ӯ масъулияти нерӯҳои низомии Афғонистонро дар ҳоле бар дӯш хоҳад гирифт, ки артиш бо мусаллаҳони гурӯҳи “Толибон” бидуни кӯмаки нерӯҳои байнулмилалӣ вориди даргирӣ шудааст – бештари афсарону сарбозони хориҷӣ охирҳои соли 2014 Афғонистонро тарк намуданд.

Маъсум Станизай аз соли 2002 то соли 2004 вазири мухобироти Афғонистон буд ва аз соли 2009 дабири Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аст, ки ба хотири музоикрот бо толибон таъсис шудааст.

Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон моҳи сентбяри соли 2014 баъд аз чанд моҳи баҳсҳои шадид дар робита ба натоиюи интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъсис шуд. Бар пояи тавофуқи ҷонибҳо, Ашраф Ғанӣ курсии раисиҷумҳур ва доктор Абдулло Абдулло курсии раиси иҷроияро ишғол ва ба ташкили кобинаи вазирон шурӯъ намуданд.

XS
SM
MD
LG