Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ ба Душанбе меояд


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи июн ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон меояд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат менамояд. Қарор аст дар конфронси Душанбе ҳайатҳои 72 кишвари узви СММ ва намояндагони 50 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намоянд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то кунун 700 нафар барои ширкат дар ин ҳамоиш сабти ном шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об дар Кореяи ҷанубӣ пешниҳод намуд то боз як даҳсолаи дигари байнулмилалии об эълон шавад. Даҳсолаи аввал, ки "Об барои ҳаёт" унвон дошт, соли 2005 аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид эълон шуд ва дар пайи он дар Тоҷикистон Соли оби тоза ва ҳамоиши байнулмилалӣ ҳам баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG