Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палмира зери назорати "Давлати исломӣ" даромад


Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳри бостонии Палмираро, ки ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, таҳти назорат қарор доданд.

Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 21 май хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ баъди даргириҳои шадид мавқеъҳои худро дар атрофи Палмира, аз ҷумла, постгоҳи нерӯҳои кашф, пойгоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ ва як маҳбасро тарк намуданд. Дар задухӯрдҳо, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дасти кам сад нафар аз мусаллаҳони нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳоло тақрибан нисфи қаламрави Сурияро таҳти назорат дорад.

Харобаҳои Палмира ба қарнҳои як ва ду, ба замони қудрати императории Рум рост меоянд. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, мақомоти Сурия бархе аз ёдгориҳои нодири Палмираро ба ҷойҳои амн интиқол доданд, аммо Димишқ ва раёсати ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, аз он нигаронанд, ки ситезаҷӯён ёдгориҳои таърихии боқимондаро хароб мекунанд.

Аз ин пеш гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳрҳои қадимаи Нимрӯд ва Ҳатра бедодгариҳо карда буд.

XS
SM
MD
LG