Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаримаи "Пекарь" барои истихдоми нонпази тоҷик


Як корхонаи нонпазӣ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба далели истифодаи ғайриқонунии нирӯи кори як муҳоҷири тоҷик 1,2 миллион рубл, муодили тақрибан 24 000 доллар ҷарима баста шуд. Сомонаи додситонии кулли Русия рӯзи 20 май хабар дод, ки дар ҷараёни тафтиши ООО “Пекарь”, воқеъ дар хиёбони Вернадскийи шаҳри Маскав маъмурони додситонии байниноҳиявии Никулинов ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия як мавриди истифодаи як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи коррро ошкор кардаанд. Дар пайи ин, муҳоҷири тоҷикро низ ҷарима баставу аз қаламрави Русия берун карда, ширкати корфарморо ҷаримаи сангин бастаанд.

XS
SM
MD
LG