Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 13 ситезаҷӯ аз зарбаҳои ҳавоӣ дар Покистон


Артиши Покистон хабар дод, ки бар асари зарбаҳои ҳавоӣ ба панҷ паноҳгоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ дар Вазиристони Шимолӣ дасти кам 13 тан аз ситезаҷӯён ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки ин зарбаҳо рӯзи 20 май ба паноҳгоҳҳо дар канори рустои Датта Хейл зада шуданд.

Амалиёти артиши Покистон алайҳи ситезаҷӯёни маҳалливу хориҷӣ аз моҳи июни соли гузашта ба ин сӯ идома дорад. Ба иттилои расмӣ, то имрӯз тақрибан 90 дар сади Вазиристони Шимолӣ аз мусаллаҳони шабакаи “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” пок карда шудааст.

XS
SM
MD
LG