Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

17 соли зиндон барои таҷовузи ноболиғ


Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини ҳамин ноҳия бо номи В.С.-ро барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, В.С. 42-сола буда, соли 2004 бар асоси моддаи 164, қисми 2, яъне ғайриқонунӣ истифода кардани ҳаққи муаллиф ва моддаи 195, қисми 1 -- ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳи оташфишон ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда будааст. “Ӯ моҳи январи соли 2009 бо анҷоми давраи ҷазо аз маҳбас озод шудааст,”-мегӯяд манбаъ.

XS
SM
MD
LG