Пайвандҳои дастрасӣ

Дар додгоҳи Ваҳдат мурофиаи 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз шудааст, ки дар дохили зиндони "Кирпичний" махфигоҳи телефону дастгоҳҳои сабтро созмон доданд.

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар додгоҳи Ваҳдат ба мурофиаи гурӯҳи 12-нафарии созмони мамнӯи "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз кард, ки онҳо дар маҳбаси 3/2, маъруф ба "Кирпичний"-и ин шаҳр адои ҷазо намуда, дар кунҷи чойхонаи маҳбас махфигоҳи телефонҳову дастгоҳҳои сабт созмон додаанд. Додраси ин парванда Бахтиёр Холиқзода будааст.

Як мақоми Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон 20 май ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳкумшудаҳо тайи чанд соли охир қуттии симҳои электрикии дохили чойхонаи маҳбасро ҳамчун махфигоҳ барои нигоҳдории телефону кассетаҳои сабти овоз ва симкортҳо ва барои таблиғу ташвиқи ғояҳои "Ҳизб-ут-таҳрир" истифода кардаанд.

Ба қавли манбаъ, бар асоси маълумоти фаврии кормандони маҳбаси 3/2, рӯзи 22 апрели соли 2014 ин махфигоҳ ошкор шуда ва 12 узви Ҳизб-ут-таҳрир, ки дар ин маҳбас бо ин дастгоҳҳо сару кор доштаанд, боздошт ва дубора ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, "дар ин махфигоҳ 27 телефони мобилӣ, 41 симкорт, 11 гӯшӣ (наушник), 1 дастгоҳи сабти навор (видеокамера), 3 МP3, 28 дастгоҳи сабт ва 6 дона USB маҳфуз буда, аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" бо истифода аз онҳо барои таблиғу ташвиқи аҳдофи худ, яъне таъсиси хилофат ва ҷалби афрод ба ин созмон, истифода мекардаанд."

Аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Ҳизб-ут-таҳрир ҳамроҳи амири онҳо Хуршед Аҳроров ва Толиб Очилов, Абдувалиҷон Холмирзоев, Алиҷон Дададбоев, Меъроҷиддин Қодиров, Иброҳимбек Маҳмудов,Собир Абдухолиқов, Қиёмиддин Сафаров, Бозоров Абдухолиқ, Ортиқов Аҳмадхон, Абдусаттор Маҳмудов, Абдусалоҳ Бобохонов бо моддаи 189 қисми 2 (барои барангехтани адовати динӣ) 307 қисми 2 (ҳамкорӣ бо иттиҳодияи ҷиноӣ) моддаи 307, қисми 2 (даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани аҳдофи созмони экстремистӣ) айбдор дониста мешаванд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар вақти пурсиш аксари аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир”, хусусан "амир"-и онҳо Хуршед Аҳроров исрор кардааст, ки ғояҳои ин созмон дуруст аст ва ӯ аз ин роҳи худ даст нахоҳад бардошт. Аз рӯи нишондоди имомахатиби масҷиди ин маҳбас, аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир” аз зиндониёни ноогоҳ бештар истифода намуда, онҳоро барои таъсиси хилофати исломӣ ва сарнагун кардани ҳукумати дунявӣ, даъват мекарданд.

Аъзои маҳкумшудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” дар солҳои гуногун маҳбус шуда ва аз 10 то 16 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд. Интизор меравад мурофиа навбатӣ рӯзи 25 май дар додгоҳи ноҳияи Ваҳдат идома кунад.

Худойбердӣ Холиқназарзода

Худойбердӣ Холиқназарзода

Рӯзи панҷуми майи соли ҷорӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ хоста буд, афроди муттаҳам ба созмонҳои ифротиро дар зиндонҳо дар алоҳидагӣ нигоҳ доранд. Ӯ дар ҳоле ки аз вуруди эмиссарҳои мазҳабӣ аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон нигаронӣ мекард, афзуд, ин эмиссарҳо махсус ҷиноят содир намуда, худро ба зиндон меафканданд, то тарғиботи худро дар зиндон ба роҳ монанд.

"Аз ин рӯ, зарур аст, то афроде, ки бо ҷиноёти террористиву экстремистӣ зиндонӣ мешаванд, дар муассисаҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд,"-таъкид кард Холиқназарзода. Аммо Изатулло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар алоҳидагӣ нигаҳдории маҳбусони ифротӣ дар қонунҳои Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст ва барои амалӣ шудан он бояд дар қонунгузорӣ тағийр ворид шавад. Шарифов мегӯяд, афроде, ки бо ҷиноёти марбут ба ифротгароӣ зиндонианд, дар қатори дигар маҳбусон нигаҳдорӣ ва роҳи дуруст ба онҳо омӯзонида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG