Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

319 пистолет - дар дасти мардум


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 май ба тарҳи қонун “Дар бораи аслиҳа” тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, тавре вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ба вакилон гуфт, пистолету револверҳое, ки дар асоси қонунӣ дар дасти аҳолӣ қарор доранд, аз сӯи давлат бо пул харидорӣ хоҳанд шуд. Оқои Раҳимзода гуфт, тартибу қоидаи харидории ин силоҳҳо ва нархи онро баъдан ҳукумат муайян хоҳад кард.

Вазири умури дохила афзуд, дар ҳоли ҳозир, дар дасти аҳолӣ қонунан 319 пистолету револвери анвоъи мухталиф нигоҳ дошта мешаванд.

Тағйироти ахир ба қонуни аслиҳа тартиби аз аҳолӣ мусодира кардани пистолетҳои газиро низ муқаррар мекунад. Рамазон Раҳимзода гуфт, ҳадаф аз ин тағйирот ҳифзи сулҳу субот ва ҳимояти амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи дигар ҷилавгирӣ аз истифодаи чунин силоҳҳо аз сӯи афроди ҷиноятпеша аст.

Қонун “Дар бораи аслиҳа” дар Тоҷикистон соли 2013 қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG