Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки Маскав барои ҳамкории муфиди дуҷониба бо Ғарб омода аст. Дар як суханронӣ дар Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия, рӯзи 20 май ӯ гуфт, ки ИМА талоши пуштибонӣ аз нерӯҳои зиддиҳукуматии Русияро мекунад, ки ин метавонад ба робитаҳои дуҷониба латмаи ҷиддӣ занад.

Сергей Лавров афзуд, Масква умедвор аст, ки Вошингтон нуфузи худ аз болои Киевро барои ҷилавгирӣ аз “дасисаҳои нави низомӣ” дар Украина истифода мекунад.

Паёми Сергей Лавров дар ҳоле ироа шуд, ки робитаҳои миёни Маскав ва Ғарб баъди аз сӯи Русия замима шудани нимҷазираи Қрим дар як соли пеш ба пойинтарин сатҳи худ аз замони “ҷанги сард” ба ин сӯ расидааст.

Кишварҳои ғарбӣ Русияро дар таъмини ҷудоихоҳони рустабори Донбасс бо силоҳ айбдор мекунанд, аммо Маскав ин иттиҳомро қабул надорад.

Сергей Лавров як рӯз пеш дар Брюссел Иттиҳодияи Аврупоро аз кор гирифтан аз гомҳои зидди Русия ҳушдор дод ва афзуд, ки робитаҳои Иттиҳодия бо ҳамсояҳои шарқияш набояд барои Маскав паёмадҳои манфӣ дошта бошанд. Изҳороти ӯ дар ҳоле нашр шуд, ки қарор аст раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ин ҳафта дар шаҳри Рига бо сарони шаш кишвари ҳамсояи шарқияшон мулоқот кунанд ва ин шояд боиси тезутундтар шудани робитаҳо бо Русия гардад.

XS
SM
MD
LG