Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Русия ба ҷанги Донбасс омода мешавад


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина гуфт, ки кишвараш дар ҳоли ҷанги воқеъӣ бо Русия қарор дорад ва мардум бояд ба ҳамла аз сӯи ҳамсояҳои шимолӣ омода бошанд.

Дар сӯҳбат бо Би-би-си шоми 19 май ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба ҳамтои русаш Владимир Путин эътимод надорад ва аммо ба ҷуз музокирот бо ӯ интихоби дигар надорад. Ба гуфтаи Петро Порошенко, ҷудоихоҳони рустабор ба амалиёти тобистона дар Донбасс омодагӣ мегиранд, вале нерӯҳои украинӣ ба онҳо баҳонае барои дасиса нахоҳанд дод, аз ин рӯ, ҳама масъулият бар дӯши нерӯҳое хоҳад буд, ки аз сӯи Маскав пуштибонӣ мешаванд.

Русия ҳама иттиҳоми Киев ва Ғарб дар бораи тамрини ҷудоихоҳон ва таъмини онҳо бо силоҳро рад мекунад. Бар асари даргириҳо дар шарқи Украина дар як соли ахир беш аз 6100 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Нақши Русия дар ҷанги Донбасс баъди он дубора сари забонҳои уфтод, ки рӯзи 16 май дар шарқи Украина ду сарбози нерӯҳои худамали Русия дастгир шуданд. Дар навори видеоӣ онҳо тайид карданд, ки сарбозони артиши Русияанд, аммо Маскав эълом дошт, ки онҳо аллакай дар артиш хизмат намекунанд.

XS
SM
MD
LG