Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлоно Абубакр барои 5 сол зиндонӣ шуд


Баъди ҳамла ба автобуси шиаҳо дар Карочӣ
Баъди ҳамла ба автобуси шиаҳо дар Карочӣ

Додгоҳи зиддитерористии Покистон дар шаҳри Лоҳур рӯзи 20 май рӯҳонии маъруф Мавлоно Абубакрро барои амри маъруф алйҳи шиаҳо ба панҷ соли маҳбас маҳкум кард. Мавлоно Абубакр моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Козури вилояти Панҷоб боздошт шуда буд.

Ба навиштаи рӯзномаи Dawn, чопи Исломобод, соли равон 21 нафар барои суханрониҳои моломол аз нафрати мазҳабӣ то ҳаштсолӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Тайи ду соли ахир бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои тундрави суннӣ дар Покистон тақрибан ҳазор нафар пайравони мазҳаби шиа кушта шуданд. Ҳафтаи гузашта афроди мусаллаҳ дар шаҳри Карочӣ ба автобус бо аъзои ҷомеъаи шиаҳо ҳамла карда, дасти кам 43 нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG