Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМТ: Қурби доллар дар бозори "сиёҳ" поён фаромад


Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки қурби доллар дар "бозори сиёҳ"-и кишвар поён рафта, ба қурби расмии саррофиҳо баробар шудааст. Ба қавли ӯ, агар то як ҳафтаи пеш дар бозори сиёҳ як доллар ба 6 сомониву 85 дирам баробар буд, ҳоло ба 6 сомониву 52 дирам фаромадааст.

Икромов гуфт, минбаъд бозори асъор таҳти назорати Бонки миллӣ қарор мегирад ва ҳоло барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия шудааст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъор мусоидат хоҳад кард. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки то охири соли 2016 куллия амалиёти пардохти нафақа тариқи кортҳои пластикӣ сурат мегирад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон таъкид кард, бояд тими нави Бонки миллӣ то эътимоди мардум ба бонкҳоро боло бубарад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, "мутаассифона эътимоди мардум ба бонкҳо дар сатҳи пойин қарор дорад." Ҳамчунин ба гуфтаи раис парлумони Тоҷикистон бонкҳо бояд барномаҳои муҳими давлатӣ, назири сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои оҳанро сармоягузорӣ кунанд. Ҳамонгуна, ки ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, ин таҷриба дар дигар кишварҳо роиҷ аст ва бонкҳо саҳми муҳиме дар иҷрои барномаҳои давлатӣ доранд.

XS
SM
MD
LG