Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминҷунбии 5,6-балӣ Тоҷикистонро такон дод


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзае, ки соати 8:32-и рӯзи чоршанбе Тоҷикистонро такон дод, ҳеч талафоте дар пай надоштааст. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ҳарчанд Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ аз заминларзаи имрӯз хабари расмӣ пешниҳод накардааст, вале бархе аз марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳонӣ онро ба 5,5 ё 5,6 бал баробар донистаанд. “Марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон ҷои аслии заминҷунбиро минтақаи Роғун нишон додаанд, ки ҳоло ба он такя кардан нашояд. Маълумоти расмӣ ба зудӣ аз тарафи маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон эълон хоҳад шуд,”-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG