Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд


Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Абдулқодири Абдулқаҳҳор, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва сардори шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, раиси Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ таъйин шудааст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 19 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо хоҳиши худаш аз раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе рафт ва масъулияти раҳбарии Китобхонаи ба номи Лоҳутиро ба дӯш гирифт. Вай афзуд, ки масъулияти кор дар китобхона барояш афзалтар буда ва метавонад дар болобурди сатҳи фарҳании мардум хизмат кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки кор дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ имкон медиҳад, ки ба навиштани рисолаҳои илмӣ машғул шавад.

Абдуқодири Абдулқаҳҳор, ки қаблан раиси муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт» буд, дар авоили соли 2014 ба далели норозигиаш бо тағйироте, ки шаҳрдорӣ дар барномаҳои ин шабака ворид кард, аз мақомаш истеъфо дода буд. Телевизиони "Пойтахт" баъд аз таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ҳайси роҳбари нав, вақте сари забонҳо шуд, ки ҳангоми намоиши мусоҳиба бо Гулрухсори Сафӣ, шоираи тоҷик намоиши барнома қатъ шуд ва танҳо баъд аз чанд рӯз дубора барқарор шуд. Аммо масъулони ширкати "Радиотелеком", таъминкунандаи мавҷи телевизион гуфта буданд, ки сабаби қатъи пахши барномаҳои ин телевизион дар фарсуда шудани фиристандаҳои он аст.

Шабакаи «Пойтахт» соли 1996 ҳамчун "Ширкати телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт" таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе ва 7 корхонаи саноатии шаҳр буд. Он вақтҳо 32 нафар коргар дошт ва директори он Раҳмон Астонов буд. 6-сентябри соли 2006 тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе № 409 он ба муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» табдил ёфт. Аз моҳи октябри соли 2012 бо қарори раиси шаҳри Душанбе Абдуқодири Абдуқаҳҳор роҳбарии ин телевизионро бар уҳда гирифт. То он замон Абдуқодири Абдуқаҳҳор директори радиои Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG