Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба таври расмӣ эълон кард, ки Қарордоди байни Русия ва Туркманистон дар бораи душаҳрвандӣ эътибори худро аз даст додааст. Ин қарордод 23 декабри соли 1993, яъне 22 сол пеш имзо шуда буд, вале он 18 маи соли 1995 эътбор пайдо карда буд.

Дар хабари вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфта шудааст, ки ин қарордод ҳар 5 сол ба таври автоматӣ тамдид мешавад, ба шарти ин ки ҳеҷ як аз тарафҳо дар бораи баромадан аз қарордод пешакӣ хабар надиҳад.

18 маи соли ҷорӣ эътибори ин қарордорд ба поён расид ва Туркманистон эълон кард, ки намехоҳад мӯҳлати ин қарордод тамдид шавад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ин иқдоми Туркманистонро қонунӣ медонад ва ёдоварӣ кардааст, ки дар оянда агар шаҳрвандони Туркманистон дархости шаҳрвандии Русия кунанд, бояд аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд ва ё баръакс шаҳрвандони Русия аз шаҳрвандии Туркманистон даст кашанд.

XS
SM
MD
LG