Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон аз нав ба Минск ва Лондон сафир фиристод


Бишкек

Бишкек

Баъд аз танаффуси тақрибан сесола Қирғизистон дубора сафирони худро ба Минск ва Лондон мефиристад. Қирғизистон баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев ва аъзои хонаводааш ба Беларус ва Британия аз ин ду кишвар хоста буд, ки онҳоро истирдод кунанд. Вале ин ду кишвар аз истирдод саркашӣ карданд ва Қирғизистон сафирони худро фаро хонда буд.

Ҳоло Кумитаи байналмиллалии порламони Қирғизистон ризоят додааст, ки Гулнора Исҳоқова сафир дар Британия ва Кубаничбек Омуралиев сафир дар Беларус таин шаванд. Акнун танҳо раиси ҷумҳур бояд дар бораи таини онҳо фармон имзо кунад.

Қурмонбек Боқиев ва бародараш Жаниш Боқиев дар Беларус ва Максим Боқиев-писари Қурмонбек дар Британия зиндагӣ мекунанд ва паноҳандагии сиёсӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG