Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дастаи ҳоккейи Русия ҷазо пешбинӣ шудааст


Лаҳзаҳои хуруҷи дастаи Русия
Лаҳзаҳои хуруҷи дастаи Русия

Дастаи мунтахаби ҳоккейи Русия аз ҷониби Федератсияи байналмиллалии ҳоккейи рӯи ях ҷазо хоҳад гирифт, зеро ин даста дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон баъд аз бохт ба дастаи Канада қабл аз садо додани суруди миллии дастаи баранда майдони бозиро тарк кард.

Дастаи Канада 17 май бар дастаи Русия дар Прга бо ҳисоби 6-1 пируз шуд. Бештари бозигарони Русия баъд аз гирифтани медалҳои нуқраи худ қабл аз хатми маросими расмии бастани мусобиқот аз майдон рафтанд. Танҳо чанд нафар, аз ҷумла ситораҳои ҳоккейи Русия Алекс Овечкин ва Евгений Малкин дар майдон монданд.

Рене Фасел-раиси Федератсияи байналмиллаии ҳоккей ин рафтори дастаи Русияро “ғайриқобили қабул” хонд. Вай қавл дод, ки баъзе муҷозотҳо дар назар дошта шудааст.

Владислав Третяк-раиси Федератсияи ҳоккейи Русия рафтани бозигарони Русияро “рафтори аблаҳона”-и масъулони даста хонд, вале гуфт, дарвозаҳои хуруҷии майдон зуд боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG