Пайвандҳои дастрасӣ

Сафар Шарифзода: “Ман тарҳи рагҳои хунгарди Тоҷикистонро месозам”


Сафар Шарифзода.

Сафар Шарифзода.

Тарҳи роҳҳои ду ва сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки як донишҷӯи дирӯза омода кардааст, таваҷҷӯҳи мақомоти олии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро ба худ ҷалб кард.

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар солҳои наздик соҳиби роҳҳои ду ва сеқабата хоҳад шуд. Тарҳи сохтмони ин роҳ, ба хусус роҳи сеошёна аз ҷониби як ҷавони 25 сола – Сафар Шарифзода, собиқ донишҷӯи Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимии Тоҷикистон, ки алҳол муҳандиси ширкати хусусӣ ё ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Автострада” дар шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд низ барои амалӣ шудани роҳи сеошёна дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маблағи 38 миллион доллар ҷудо кардааст. Радиои Озодӣ сӯҳбатеро бо Сафар Шарифзода, анҷом дод, ки нахуст аз вай дар бораи пайдоиши тарҳи сохтмони роҳи сеошёна дар шаҳри душанбе пурсид:

Сафар Шарифзода: Соли 2011, замоне, ки дар соли дуввуми факултаи идора ва сохтмони нақлиёти Донишгоҳи техникӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекардам, азнавсозии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Мо, донишҷӯён, барои иҷрои корҳои лабораторӣ ба ин лоиҳа ҷалб шудем ва дар маҳаллаи 82-юм шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиётро мавриди омӯзиш қарор додем. Дар ин тарҳ корхонаи “Алфа - 04” - и Беларус ва ҳамчунин ширкати хусусии “Автострада” бо мо ҳамкорӣ мекарданд. Албатта, барои ҷилавгирӣ аз шиддати баланди ҳаракат ва ҳамин тавр танбашавӣ мо се макет, ки дуи он лоиҳаи сохтмони роҳи дуошёна ва дигаре сеошёна буд, пешниҳод намудем. Бо роҳандозии сохтмони роҳи дуошёна мешавад шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз ҳама муҳим танбашавӣ дар шаҳри Душанберо рафъ созем, аммо бо ин лоиҳаҳо аз шиддатнокӣ ва танбашавии воситаҳои нақлиётеро, ки аз берун ба пойтахт ворид мешаванд, гирифта наметавонем. Барои ҳамин, макети сохтмони роҳи

сеошёна пешниҳод гардид, ки табақаҳои аввалу дуввум барои воситаҳои нақлиёти дохили шаҳри Душанбе ва табақаи саввум барои воситаҳои нақлиёти берун аз пойтахт хидмат хоҳад кард. Ҳатто табақаи дуюм, бидуни светофор ё чароғаки роҳнамо метавонад хидмат кунад ва табақаи саввум ҳамчун "магистрал" ё шоҳроҳ истифода бурда хоҳад шуд. Ҳарчанд барои иҷрои корҳои сохтмон дар чорроҳаи “Борбад – Ҷомӣ” макети роҳи дуошёнаро дар моҳи августи соли 2013 пешниҳод кардам ва ҳатто рисолаи дипломиам низ ба ин лоиҳа бахшида шуд, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ин лоиҳа танҳо шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамин тавр танбашавӣ барои нақлиёти дохили шаҳри Душанберо рафъ мекунад, ба ин хулоса расидем, ки беҳар аст, то лоиҳаи сохтмони роҳи сетабақаро дар бар гирад ва мушкили воситаҳои нақлиёте, ки аз берун ба пойтахти Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳал намояд.

Радиои Озодӣ: Аммо табақаи саввум имкони бардошти мошинҳои бузурги борбарро хоҳад дошт?

Сафар Шарифзода: Воқеан, ҳадафи сетабақа кардани лоиҳаи ин роҳ низ, ҳалли мушкили ҳамингуна воситаҳои нақлиёт аст, ки борашон вазнин мебошад. Чун, бубинед, дар аксари ҳолатҳо мошинҳои борбар ё вазнинбор шиддатнокӣ ва танбашавӣ дар роҳҳоро ба вуҷуд меоранд ва ба ин хотир лозим омад, то ин лоиҳа васеъ шавад ва на ин, ки дутабақа балки сетабақа пешниҳод гардад.

Радиои Озодӣ: Аслан суроб ё макети ин роҳ дар чӣ муддате таҳия шуд?

Сафар Шарифзода: Ҳамонгуна, ки қаблан гуфтам, идеяи сохтани макети роҳи сеошёна, замони коромӯзии донишгоҳӣ пайдо шуд ва барои сохтани макети он ду моҳ сарф кардам. То битавонам, як роҳи замонавӣ бо тамоми нозукиҳо ва стандартҳои ҷаҳонии меъмории онро таҳия созам. Пас аз таҳияи макети роҳи сеошёна, он ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуд ва дастгирӣ ёфт.

Радиои Озодӣ: То ҷое фаҳмидем, тарҳи роҳи сеқабата аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба хубӣ истиқбол гардид, бале?

Сафар Шарифзода: Бале. Воқеан, раиси ҷумҳур низ ин лоиҳаро қобили қабул донистанд ва барои лоиҳаи ҷузъӣ ба Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки EBRD ё Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои ин лоиҳа, 38 миллион доллар ихтисос дод, ки сохтмони ин роҳ дар ояндаи наздик шурӯъ хоҳад шуд. Дарозии ин роҳ, 4,7 километр хоҳад буд. Аммо бояд гуфт, ки ин гуна роҳ дуто аст, ки яке дар буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ Сино (маҳаллаи 82) ва дигаре дар буриши хиёбони Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсумов хоҳад буд, ки барои иҷрои он боз ҳам Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд маблағгузорӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Умедворем, ки лоиҳаи сохтмони роҳи сеқабата дар шаҳри Душанбе амалӣ хоҳад шуд. Аммо лоиҳаҳои дигареро низ таҳия кардаед?

Сафар Шарифзода: Бале. Макети лоиҳаҳои сохтмони роҳу нақбҳо ва корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои шағалу бетонро таҳия карда ва пешниҳод намудам. Ҳатто баъзе аз ин лоиҳаҳо, ба хусус корхонаи шақалбарорӣ дар ноҳияи Ҳисор, аллакай амалӣ шудаанд. Албатта ният дорем, ки лоиҳаҳои дигареро на танҳо дар шакли макет, балки амалан мавриди иҷро қарор диҳем. Муҳим он аст, ки ин лоиҳаро замонавӣ бошад ва мушкилоти соҳаро бартараф кунад.

Радиои Озодӣ: Аммо, Сафар, сохтмони роҳҳои дутабақа ва сетабақа дар роҳҳои берун аз пойтахт низ имкон хоҳад дошт ва ин гуна ниятҳо ҳаст?

Сафар Шарифзода: Албатта, ин гуна лоиҳаро мешавад дар роҳҳои кишвар амалӣ кард. Аммо дар манотиқи кӯҳистони мо, барои мисол дар роҳи “Лаби Ҷар – Дарвоз” мешавад тунелҳо ва галлереяҳоро сохт, ки аллакай ба таври иншооти сунъӣ пешниҳод кардем ва умедворем, ки бо иҷрои ин лоиҳаҳо мушкилоти роҳҳои манотиқи кишварро бартараф созем. Роҳҳо як навъ рагҳои хунгарди Тоҷикистонанд ва барои рушди кишвар хеле муҳиманд.

Радиои Озодӣ: Аммо ба ҳангоми сохтани макет ё лоиҳаи сохтмони роҳҳои дутабақа ва сетабақа аз таҷрибаи дигар кишварҳо истифода сурат гирифт?

Сафар Шарифзода: Барои сохтани макет ё лоиҳаи роҳҳои ду ва сеқабата то андозае аз таҷрибаи дигар кишварҳо истифода мешавад. Аммо ман кӯшиш кардам, ки ин лоиҳаҳо мутобиқ ба шароити Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим каммасраф сохта шаванд. Ҳатто барои аҳолии кишвар халал намерасаонанд, балки фоидаовар ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Сафар, ҳоло шумо ба ҳайси муҳандис дар ширкат ё корхонаи хусусии “Автострада” дар шаҳри Душанбе фаъолият доред. То куҷо тавонистед, донишеро, ки дар аёми донишҷӯӣ касб кардед, амалан дар таҷриба истифода намоед?

Сафар Шарифзода: Беш аз як сол боз дар ба ҳайси муҳандис дар корхонаи хусусии “Автострада” фаъолият дорам. Замоне, ки ба кор шурӯъ кардам, лоиҳаи бозсозии роҳи кӯчаи Ҷаббор Расулов мавриди иҷро қарор дошт, ки дар ин лоиҳа ҳамкорӣ кардам ва саҳм гузоштам. Ҳоло иҷрои ин лоиҳа идома дорад ва барои хубтару беҳтар ва замонавӣ шудани он кумаки худро мерасонам. Ҳамчунин, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҳанӯз ҳам бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе тангу назарногир аст, мақсад дорем ва ният ҳам ҳаст, ки ҷиҳати бозсозии онҳо идеяҳои худро пешниҳод кунам ва барои рушди пойтахти азизамон саҳми худро расонам. Зеро шаҳри Душанбе симои Тоҷикистон аст ва бояд, ки кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон зебову замонавӣ бошад. Меҳмононе, ки ба ин ҷо меоянд, аз шакли меъморӣ ва шаҳрсозии мо лаззату ҳаловат баранд.

Радиои Озодӣ: Аммо дастгирӣ аз ҷониби корхона чӣ гуна аст?

Сафар Шарифзода: Албатта, раҳбарияти корхона, маро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд. Ҳамонгуна, ки қаблан гуфтам, раҳбарияти корхонаи “Автострада”, ҳанӯз аз замони курси панҷум маро ба ҳайси техник ба кор даъват карданд. Ҳатто кори дипломиамро ҳам дар ин ҷо навиштам. Пас аз ҳимояи кори дипломӣ, ман ба сифати муҳандиси шӯъбаи лоиҳакашии ин корхона пазируфта шудам.

Радиои Озодӣ: Пас, аз коратон қаноатмандед, оре?

Сафар Шарифзода: Ман хеле ифтихор мекунам, ки раҳбарияти корхонаи “Автострада” маро ба кор қабул карданд. Мақсади ман низ он аст, ки донишу малакаамро дар соҳаи рушди сохтмони роҳҳо сайқал диҳам ва барои ободии кишварам ҳар коре, ки аз дастам меояд, анҷом диҳам. Аз дигар ҷавонон ҳам даъват мекунам, ки бештар омӯзанд, хонанд, таҷриба гиранд то дар оянда амалан кореро барои гул-гулшукуфии Тоҷикистони навин бикунанд.

Радиои Озодӣ: Сафар, пас аз сохтани макети сохтмони роҳи ду ва сетабақа, оё ширкатҳои хориҷие, ки дар қаламрави кишвар фаъолият мекунанд ва ҳамин тавр аз беруни кишвар аз шумо даъвати ҳамкорӣ ва корро накарданд?

Сафар Шарифзода: Дар ҳақиқат, чунин даъватҳо буданд. Ба хусус ширкати IRS аз ман даъват карданд, то бо онҳо ҳамкорӣ ва кор кунам. Аммо ман кор дар корхонаи хусусӣ ё ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Автострада” – ро авлотар медонам. Зеро раҳбарияти ин корхона маро қадр карданд ва ба донишҷӯ буданам, нигоҳ накарда маро ба кор гирифтанд, ки бояд ман ба боварии онҳо бирасам. Намехоҳам аз мақсаду мароме, ки дорам баргардам.

Радиои Озодӣ: Аммо маълум аст, ки маош дар корхонаҳо ва ширкатҳои дохилӣ пойинтар аст ва шояд талаботи мутахассисонро бароварда накунад. Дар ин сурат, агар аз ҷониби ширкате аз хориҷи кишвар даъвати кор бо маошу шароити беҳтар шавад, шумо қабул хоҳед кард?

Сафар Шарифзода: Ман ин гуна даъватро пазируфта наметавонам. Чун дар пеши худ мақсад гузоштам, ки дар Тоҷикистон бимонам ва барои ободии кишвари маҳбубам, хизмат кунам. Зеро хидмат кардан барои ободии Тоҷикистон ва мардуму миллати сарбаландам вазифаи аввалиндараҷаи ман аст. Бинобар ин намехоҳам, ба хориҷи кишвар равам ва Тоҷикистонро тарк карданӣ ҳам нестам.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG