Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии охирини даври шашуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии охирини даври шашуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми душанбеи 18 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ба поён расид, бар тими мизбон - “Далерон-Ӯротеппа” - бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Тӯбро ба дарвозаи мизбонон Хосе Баллестер, легионери испаниягӣ, дар дақиқаи 4-ум зад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки дар ҳамаи шаш бозӣ пирӯз шудааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. “Хайр”-и Ваҳдат бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, чаҳор бозии даври шашум шоми якшанбеи 17 май натиҷагирӣ шуда буд. Бозии марказии ин давр, ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни тими мизбон – “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид. Дар ду бозии дигар “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2-0 ва “Равшан”-и Кӯлоб бар тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуданд. Танҳо дар як бозӣ дастаи меҳмон – ССКА “Помир” – тими “Барқи тоҷик”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«БАРҚИ ТОҶИК» — ССКА «ПОМИР» — 0:1

Гол: Шамсиддин Қосимов, 11.

«РАВШАН» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Бахтиёр Қаландаров, 44.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ХУҶАНД» — 1:1

Голҳо: Комрон Турсунов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (1:1).

«ХАЙР» — «ВАХШ» — 2:0

Голҳо: Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, аз пеналтӣ.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ИСТИҚЛОЛ» - 0-1

Гол: Хосе Баллестер, 4.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

6

0

0

27-2

18

2

«Хайр» (Ваҳдат)

6

4

1

1

12-8

13

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

3

3

0

11-6

12

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-5

11

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

1

3

3-8

7

6

«Равшан» (Кӯлоб)

6

2

1

3

7-13

7

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

5

1

2

2

6-5

5

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

1

2

3

2-7

5

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

5

1

0

4

3-11

3

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

6

0

0

6

0-15

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври ҳафтум байни дастаҳои «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» бинобар омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия (26 май дар Душанбе), аз 24 май ба 29 май гузаронида шудааст.

Даври 7-ум

23 май (шанбе)

Оғоз – соати 17:00

“Вахш” – “Барқи тоҷик”

«Парвоз» – «Далерон-Ӯротеппа»

ССКА «Помир» – «Равшан»

24 май (якшанбе)

Оғоз – соати 17:00

«Хуҷанд» – «Хайр»

29 май (ҷумъа)

Оғоз – соати 17:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG