Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 корманди пулиси афғон ба зиндон рафтанд


Додгоҳи куштори Фархунда
Додгоҳи куштори Фархунда

Як додгоҳи Афғонистон 11 корманди пулисро, ки натавонистаанд аз бедодии гурӯҳе дар куштори Фархунда дар Кобул пешгирӣ кунанд, яксолӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. 19 май Сафиуллоҳ Муҷаддадӣ-қозии додгоҳ ҳукмро эълон кард ва гуфт, ки маҳкумшудагон ҳақ доранд бар зидди ин ҳукм шикоят баранд.

8 корманди дигари пулис барои набуди нишонаҳои ҷиноят дар фаъолияташон бегуноҳ эълон ва раҳо шуданд. 19 корманди пулис аз ҷумлаи 49 нафаре мебошанд, ки дар ҳамла ба Фархундаи 27 сола гумонбар дониста мешуданд.

19 март гурӯҳи ба хашмомада дар рӯзи равшан ба Фархунда ҳамла бурд ва баъд аз лату кӯбу куштор ҷасади вайро оташ зад. Ин ҳамла замоне сурат гирифт, ки як таъвизнавис ё кӯрхатнавис тӯҳмат кард, ки Фархунда гӯё Қуръонро оташ задааст. Аммо ин иддао исбот нашуд.

Куштори Фархунда дар саросари Афғонистон ба вокуниш рӯ ба рӯ шуд ва маҳофили байналмиллалӣ низ онро маҳкум карданд.

Моҳи май 4 нафар барои куштори Фархунда ҳукми қатл гирифтанд ва 8 нафари дигар 16 солӣ зиндонӣ шуданд. 18 нафари дигарробарои набуди далели ширкат дар куштор раҳо карданд.

XS
SM
MD
LG