Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо WTF дар шаҳри Челябински Русия ноком шуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо WTF, ки аз 12 то 18 май дар шаҳри Челябински Русия баргузор шуд, варзишгарони тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд. Ба иттилои Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон, дар ин мусобиқа беш аз 1500 варзишгар аз 140 кишвар ширкат дошт.

Дар сабқати мардон варзишгари тоҷик Аҳмад Одилбеков дар вазни 63 кило бар намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 8:6 ғолиб шуд, вале дар даври дувум аз рақиби мисриаш бо ҳисоби 5:17 мағлуб гашт. Узви дигари мунтахаби Тоҷикистон Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кило дар нахустин қувваозмоияш аз рақиби худ аз Финляндия бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд. Фарҳод Неъматов бошад, дар вазни 80 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар варзишгари Нигерия бо ҳисоби бузурги 22:3, дар даври дувум аз қаҳрамони дукаратаи олимпӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 5:10 мағлуб гашт.

Дар сабқати занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз 73 кило дар даври аввал варзишгари Украинаро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба намояндаи Фаронса бо ҳисоби 3:5 бой дод. Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик аз медалҳои сабқати ҷаҳонӣ бенасиб монданд.

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ ба ҳайати варзишии Тоҷикистон ба ҷуз варзишгарон, сармураббӣ Ҷон Ҷонг Фи, мураббӣ Ҳусейн Ғаффорӣ, мудири фаннӣ Муштабо Назмидеҳ, довари дараҷаи байналмилалӣ Давлатшо Мирзоев ва намояндаи Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Даврон Нарзуллоев шомил буданд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони 23 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо касби 5 медал – 4 тилло ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро гирифт. Мунтахаби Эрон бо касби 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ дувум шуд. Мунтахаби Туркия бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷойи севумро соҳиб гашт. Мунтахаби Узбакистон, ки 1 медали тилло ва 2 нуқра гирифт, ҷойи чорумро азони худ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG