Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Ёдгорӣ: Ислоҳоти сохторӣ дар "Барқи тоҷик" идома меёбад


Бо машварати Бонки Аврупои Бозсохт ва Рушд дар ширкати "Барқи тоҷик" ислоҳоти сохторӣ сурат мегирад, ки тибқи он, дар заминаи ин ширкат чаҳор департамент таъсис хоҳад ёфт.

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо машварати Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ислоҳотеро шурӯъ кардааст, ки то соли 2018 идома меёбад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат рӯзи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ислоҳоте, ки дар "Барқи тоҷик" идома дорад, бо машварати Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд сурат мегирад ва то соли 2018 идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай, бар асоси он, дар заминаи ширкати "Барқи тоҷик" чаҳор департамент таъсис дода мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, Бонки Аврупоии Бозсохт Рушд ба ин назар аст, ки ширкати "Барқи тоҷик" эҳтимол дорад, ки аз ин ислоҳот даст бикашад, вале ба гуфтаи ӯ, ин ширкат фаъолона ислоҳоти мазкурро идома медиҳад. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун дар заминаи ширкати "Барқи тоҷик" чаҳор департамент - “Департаменти интиқоли барқ”, ”Департаменти истеҳсоли барқ”, “Департаменти муҳосиба ва фурӯши барқ” ва “Департаменти маъмурӣ” таъсис ёфта, вазифаҳои онҳо мушаххас шудаанд.​

Собир Вазиров, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳар нигоҳ ин ислоҳот имкон медиҳад, ки талафоти барқ дар Тоҷикистон кам ва назорату мудирият беҳбуд ёбад ва заминаи ҷалби сармоягузории хориҷӣ беҳбуд бахшида шавад.

Вай мегӯяд, ислоҳоти мазкур барои ширкати “Барқи тоҷик” ногузир аст, зеро ин ислоҳот ҳатто ба гарон шудани қимати барқ ҳам орад, вале сарфу харҷи барқ ва талафоти он ва назорати истифодаи он бо истифода аз департаментҳои вижа анҷом дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, таҷдиди сохторӣ дар ширкати “Барқи тоҷик” бо машваради БАБР имкон медиҳад, ки фаъолияти ин ниҳод бовар шавад ва сокинони Тоҷикистон ҳамчун харидори аслии неруи барқ ҳамаҷониба ва дар ҳамаи фаслҳо таъмин карда шаванд.

«Барқи Тоҷик» ҳудуди 150 нерӯгоҳи хурду миёнаву бузургро дар ихтиёр дорад, ки солона дар марзи 20 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол мекунанд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳар киловат – соат ба ҳисоби миёна дусентӣ фурӯхта шавад, ҳудуди 300 миллион доллар ба даст меояд, ки бояд эҳтиёҷоти соҳаро бароварда созад.

Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Дар аксари манотиқ, ба истиснои пойтахт, шаҳри Душанбе ва чанд шаҳри муҳими саноатӣ, аз моҳи октябр то апрелу май дар шабонарӯз ба мардум ҳамагӣ 4 ило 5 соат барқ медиҳанд. Дар соли ҷорӣ ба далели карм омадани ҳаво, лимити барқ дар манотиқи кишвар зудтар аз аз байн бурда шуд.

XS
SM
MD
LG