Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи NPC ба Исмоилова ва Ризоиён


Маҳфили матбуот ё The National Press Club-и Иёлоти Муттаҳида, ки дар Вашингтон марказ дорад, рӯзи 18 май эълон кард, ки ҷоизаи озодии матбуотро дар моҳи июд ба журналисти озарбойҷонӣ Хадиҷа Исмоилова тақдим мекунад. Исмоилова хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ моҳ декабрри соли 2014 бо иттиҳомоте, ки Кумитаи ҳимоят аз журналистон онро сохта мехонад, боздошт шудааст. Ҷоизаи дувум ба Ҷейсон Ризоиён, хабарнигори Washington Post дар Теҳрон тақдим хоҳад шуд, ки бе эълони иттиҳом ва муҳокима 9 моҳ ба ин су дар зиндон аст. Исмоилова бо матолиби ифшокунандааш дар бораи муомилаҳои молии президент Илҳом Алиев ва фасод дар ҳукумати ӯ машҳур аст. Вай яке аз 9 хабарнигор аст, ки бо иттиҳомоти сохта дар маҳбас ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG