Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости ёрии Чин барои ҳифзи қурби сомонӣ


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раҳбари Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жао рӯзи 18-уми май дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои байн ду ниҳоди молиявиро баррасӣ карданд. Яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар ин нишаст ҷалби сармояҳои дарозмуддати Чин ба иқтисоди Тоҷикистон буд. Бино бар торнамои БМТ, ҷаноби Нурмаҳмадзода таъкид кардааст, ки дар марҳалаи феълӣ, Бонки миллии Тоҷикистон махсусан ба қарзи дарозмуддати Бонки давлатии рушди Чин ниёз дорад, то онро ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва ҳифзи мувоазанати молӣ ва тавоноии пули миллии ҷумҳурӣравона кунад. Ҷаноби Нурмаҳмадзода, ки рӯзи 4 май раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд, яке аз вазифаҳои асосии худро дар эътидоли қурби миллӣ медонад ва гуфтааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таъини ӯ дар навбати аввал иҷрои ҳамин вазифаро тақозо кардааст. Ин дар ҳолест, ки талошҳои раҳбарияти пешинаи БМТ барои ҳифзи қурби сомонӣ натиҷаи дилхоҳ надод ва аз аввали сол то ҳоло қурби пули миллии Тоҷикистон ба камияш 15,5 дарсад афтод. Коршиносон инро таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия ва коҳиши пули муҳоҷирон медонанд ва пешниҳод мекунанд, ки бо сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна ва додани сабукиҳо ба истеҳсорлкунандаи дохилӣ вазъи тағйир дода шавад.

XS
SM
MD
LG