Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи омода ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб парванда боз кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи таҳия ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ парванда боз кардааст. Дафтари матбуоти Додситонии кулл рӯзи 18 май бо тасдиқи хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса аз рӯи моддаҳои 189, қисми 1 ва 340 қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пайгирӣ мешавад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ду акс бо номи Бойматов Иномҷон Шаҳобович ва Ахмедова Нигора Рустамовна пайдо шуд ва муаллифонашон гуфтанд, ки гӯё барои ришгузорӣ ва ҳиҷоб пӯшидан иҷозатномаи Кумитаи дин зарур аст ва қимати ин санад баробари 250 сомонист.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ин аксҳо аз сӯи афроди номаълум бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шуда, "муаллифон"-аш ба барангехтани кинаю адовати динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин иҷозатномаи қалбакӣ рӯзи 18 май боз шудааст ва мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ идома дорад.

Дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон низ овозаҳо дар бораи "ситондани андоз барои риш ва ҳиҷоб"-ро дурӯғ ва фитна донист. Ин ниҳод бо пахши изҳорот гуфт, ҳаргиз ба чунин иқдом даст назадаанд ва, ба қавли онҳо, "афроде мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод кунанд".

Ҳатто онҳо бо зикри суроғаи ин ниҳод ва телефонҳои боварӣ аз шаҳрвандони кишвар хоста буданд, агар ба чунин ҳолат дучор оянд, ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ин аксҳо ба дунболи иҷборӣ тарошидани риши бархе аз мардон дар навоҳии кишвар ва маъракаи аз ҳиҷоб ба либоси миллӣ гардонани занони тоҷик пайдо шуд. Вале мақомот гуфтанд, ин маъракаҳо бо дастури онҳо роҳандозӣ нашудааст ва Вазорати умури дохилӣ ҳам аз муҷозоти ду маъмури пулис дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дар робита ба риштарошии иҷбории мардон хабар дод. Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт буд, вазорат ба тарошидани риши сокинон супориш надодааст ва агар касе ҳам ин корро карда худсарона кардааст.

Қабл аз ин дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурони пулис бо як марди ришдор, ки зоҳиран тоҷир аст, пахш шуд ва бо вокунишҳои тунд ҳам рӯбарӯ омад. Дар навор дида мешуд, пулис ба тоҷири ришдор мегӯяд, ки "ҳозир ришҳота қоқ-қоқ метарошам. Ришата гир, дигар набинам."

Ҷузъиёти ин навор, ки кай ва дар куҷо сабт шудааст, дақиқ нест. Аммо дар навор дида мешуд, миёни маъмурони пулис ва ду зани ҳамроҳаш, ки яке ҳиҷоб дораду дигаре – не, низ баҳс идома мекунад ва дар охир маъмурони пулис ҷавонро "ин ҷо биё, ин ҷо биё"-гуфта аз гарданаш гирифта мебаранд.

Ба гуфтаи нозирон, нигарониҳои мақомот аз афзоиши ақоиди тундгароии мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳдидҳои афзояндаи созмонҳое мисли "Давлати исломӣ" боис шудааст, ҳатто таваҷҷӯҳи занон ба пӯшидани либоси исломӣ ва андозаи риши мардонро зери назорат бигиранд. Айни замон, ин ташаббусҳо чун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мешавад, вале мақомот мегӯянд, ҳадаф роиҷ кардани пӯшишҳои исломӣ ва ба тартиб даровардани риши ҷавонон асту бас.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG