Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурби доллар дар Узбакистон ба 5000 сӯм расид


Қурби доллари амрикоӣ дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта барои нахустин бор ба 5000 сӯм расид.

Қурби доллари Амрико дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон рӯзи 16 май барои бори аввал аз марзи 5000 сӯм барои як доллар убур кард. Саррофон дар Тошканд мегӯянд, дар ин рӯз онҳо долларро аз мардум ба нархи 4 550 сӯми узбакӣ харида, 4900-5000 сӯм фурӯхтаанд. Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, рӯзи 17 май вазъ дар бозори сиёҳи асъор як каме оромтар шуд ва қурби доллар то ба ҳадди 4 850 сӯм пойин омад.

Бонки марказӣ – ниҳоди асосии танзимкунандаи бозори асъор дар Узбакистон – рӯзи 18 май дар сомонааш қурби расмии як долларро 2527 сӯму 58 тийин ва қурби евро – воҳиди муштараки пули Аврупоро 2831 сӯму 5 тийин таъйин кардааст. Аммо қурби расмии асъори хориҷӣ дар Узбакистон аз қурби воқеияш қариб ду маротиба фарқ мекунад.

Хабари ба таври рекордӣ боло рафтани қурби доллар дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон дар ҳоле нашр мешавад, ки ахиран Бонки марказии Узбакистон аз камбуди пул дар бонкҳои ин кишвар ҳушдор дода, гуфтааст, идомаи ин ҳолат дасти бонкҳоро аз пардохти маошу нафақаи мардум кӯтоҳ мекунад.

Шикоят ба сарвазир аз камбуди пул дар бонкҳои Узбакистон

Муовини раиси Бонки марказии Узбакистон Улуғбек Мустафоев дар номае ба сарвазир Шавкат Мирзиёев аз камбуди шадиди маблағ дар хазина шикоят кардааст. Ин нома, ки рӯзи 10 апрел иншо шуда, нусхааш дар дасти бахши узбакии Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, таҳти тамғаи "Фақат барои истифодаи расмӣ" ирсол шудааст.

Улуғбек Мустафоев навиштааст, камбуди маблағ 1,5 триллион сӯми узбакӣ, муодили тақрибан 602 миллион долларро ташкил дода, бонкҳоро дар амри пардохти маоши идораҳову корхонаҳои бузурги давлатӣ кӯтоҳдаст кардааст. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, бонкҳои Узбакистон то 1 апрел натавонистанд ҳудуди 58 миллиард сӯм пули нафақа ва 54 миллиард сӯм маоши "иддае аз ниҳодҳои махсус"-ро пардохт кунанд.

Таҳти ибораи "ниҳодҳои махсус" маъмулан вазоратҳои дифоъ ва умури дохила, Хадамоти амнияти миллӣ ва дигар бахшҳои давлатии барои ҳукумат муҳимро дар назар доранд.

Бино бар ин нома, камбуди маблағ бонкҳоро маҷбур кардааст, то рӯзи 2 апрел барои пардохти маоши "ниҳодҳои махсус" тақрибан 470 миллиард сӯмро аз "сандуқҳои суғурта" бигиранд.

Ҳанӯз маълум нест, ки манзури муовини раиси Бонки марказии Узбакистон аз "сандуқҳои суғурта" чист, вале дар ибтидои солҳои 2000-ум мақомоти баландпояи ин кишвар гуфта буданд, ки барои ҳалли мушкилоти молии эҳтимолӣ як сандуқи махсус таъсис хоҳанд дод.

Мустафоев дар идомаи номааш навиштааст, "агар камбуди маблағ дар тӯли соли 2015 ҳам идома ёбад, мо маҷбур мешавем то поёни сол 3 триллион сӯмро барои пардохти маоши ниҳодҳои махсус ва пули пахтачинҳо истифода барем."

Ин мақоми баланди Бонки марказии Узбакистон тоҷирон, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродиро дар пеш омадани чунин вазъ гунаҳкор карда, навиштааст, ки онҳо ба супурдани пули худ ба бонкҳо майл нишон намедиҳанд. Ба ҳисоби Бонки марказӣ, танҳо тоҷирон дар моҳҳои январ-март ба бонкҳо 3,2 триллион сӯм пули камтар супурдаанд.

Улуғбек Мустафоев қоидаҳои нави муомилоти пулӣ, ки дар Узбакистон аз соли 2013 ҷорӣ шудааст, бо асъори хориҷӣ фурӯхтани мошинҳои сохти ширкати “GM Uzbekistan” ва низ бо асъори хориҷӣ фурӯхтани чиптаҳои парвоз аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоиро аз далелҳои дигари пеш омадани мушкили камбуди пул ном бурдааст. Ӯ ҳамин тавр шаҳрвандони оддиро айбдор кардааст, ки дар амри пардохти пули хидматҳои коммуналӣ маътал мекунанд ва танҳо аз ин ҳисоб то 1 апрел қарзи мардум ба 6,1 триллион сӯм расидааст.

Мустафоев ба унвони роҳҳои ҳалли мушкил, афзоиши шумори банкоматҳо дар саросари Узбакистон, рушди бонкдории интернетӣ ва аз тариқи электронӣ, на бо пули нақд пардохт кардани дастикам 50 дарсади маоши коргарони “ниҳодҳои махсус”-ро пешниҳод кардааст. Пешниҳоди дигари ӯ додани қарз ба мардум барои харидани мошину асбоби рӯзгор ва дигар молу амвол аст.

Узбакистон бо 31 миллион аҳолӣ пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар соли гузашта 123, 5 миллиард долларро ташкил дод, ки ба сари ҳар сокини он 4038 доллар рост меояд. Узбакистон аз ин нигоҳ дар ҷаҳон дар мақоми 135-ум қарор доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG