Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи шарики “Хуршед Компания”


Додситонии нақлиёти вилояти Омски Русия алайҳи ширкати маҳаллии ООО “Сириус” бо иттиҳоми сарпечӣ аз баргардондани асъор ба маблағи калон парванда кушодааст. Гуфта мешавад, ООО “Сириус” тайи солҳои 2012-2013 ба ҳамкори тоҷикистониаш – ширкати “Хуршед Компания” ба маблағи беш аз 6 миллион рубли русӣ, муодили 200 000 доллар бо қурби он замон, чӯбу тахта фиристода, вале маблағи бадастовардааш аз ин муомилаҳоро ба Русия барнагардондааст. Бозори чӯбу тахтаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби воридоти ин анвои маҳсулот аз Русия таъмин мешавад.

XS
SM
MD
LG