Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари бориши шадиди шаби гузашта дар ноҳияи Файзобод, хоку гили зиёд фаромада, ҳавзи лӯлаи обро, ки аз доманаи кӯҳ ба деҳаи Яккабед меомад, баст ва мардуми ин деҳаро аз оби ошомиданӣ маҳрум намуд. Шодӣ Субҳиддинов, як сокини деҳаи Яккабеди Файзобод рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз аз субҳи имрӯз мардуми Яккабед, ки бо мушкилоти зиёде соҳиби оби ошомиданӣ шуда буданд, дигарбора аз он маҳрум шуданд. Ба қавли вай, сангу гил даруни қубурро маҳкам карда ва маълум нест, ки чанд метри лӯлаи об бо хоку сангу гил маҳкам шудааст. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳоло намояндагони ҷамоати деҳа барои тоза кардани лӯлаи об аз хоку сангу гил, ба доманаи кӯҳ рафтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бо талоши сарбозони қисми ҳарбӣ ва мардуми маҳал 8 километр лӯлаи оби ошомиданӣ аз доманаи кӯҳ тариқи деҳаи ҳамсоя ба Яккабеди ноҳияи Файзобод оварда шуд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, лӯлаи оби 8-километра аз сарбанди об воқеъ дар доманаи кӯҳ ба деҳаи Яккабед кашонида шуд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ба хотири тахриб нашудани лӯлаи об, онро ба воситаи деҳаи ҳамсоя кашида ва ба Яккабед оварданд. Қаблан мардуми Яккабед мехостанд аз сарбанд мустақим ба даруни кӯҳдоман хатти обро биёранд.

Сокинони деҳаи Яккабеди Файзобод дар ҳоле дигарбора аз оби ошомиданӣ шуданд, ки рӯзи 3 апрел аҳли ин деҳа шоҳиди фоҷеаи зери хок мондани 10 ҳамдеҳаи худ шуданд. Дар пайи ҷустуҷӯи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аксари ҷасадҳо аз зери хок берун оварда шуданд.

XS
SM
MD
LG