Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сарбозони рус дар Украина


Артиши Украина мегӯяд, ду сарбози русро, ки бо ҷудоиталабон дар шарқи Украина меҷангиданд, дастгир карданд. Владислав Селезнев, сухангӯи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, рӯзи 18-уми май гуфт, сарбозони русро маъмурони амниятӣ бозпурсӣ кардаанд ва ҳардуро ба зудӣ дар шаҳри Киев ба хабарнигорон нишон медиҳанд. Ба гуфтаи артиши Украина, сарбозони русро дар шаҳри Счастя, дар наздикии ҷабҳаи ҷанг асир гирифтаанд. Дар як видеои бозпурсие, ки нашр шуд, яке аз ин сарбозон мегӯяд, ки аз шаҳри Толяти ва сержанти нерӯҳои махсуси Русия аст. Русия иддаоҳо дар бораи ширкати сарбозонаш дар ҷанги Украинаро рад мекунад. Вале айни замон гуфтааст, ки баъзе аз шаҳрвандони Русия дар шаҳрҳои Луҳанск ва Донетск ба ҷудоиталабон кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG